Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихи навини миллати тоҷик мебошад. Дар тӯли 35 соли истиқлолият мардуми Тоҷикистон роҳи пурпечутоб, вале пурифтихорро тай намуда, бо шарофати сулҳу ваҳдат ба рушди устувори кишвар ноил гардиданд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда дорад.
Сулҳу субот бузургтарин неъматест, ки барои ҳар як миллат имкони зиндагии осоишта, пешрафти иқтисодӣ, рушди илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро фароҳам меорад. Агар сулҳ намебуд, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон низ ба даст намеомаданд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки сулҳу оромиро ҳифз намояд ва барои таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми худро гузорад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ садҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардиданд. Ин пешрафтҳо маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир шуданд. Ҷавонон имрӯз имкони таҳсил, омӯзиши илмҳои муосир, аз худ намудани касбу ҳунар ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалиро доранд.
35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон ҷашни бузурги миллӣ мебошад. Ин сана моро водор месозад, ки ба дастовардҳои солҳои истиқлол назар афканем ва барои ободии Ватан боз ҳам бештар талош намоем. Ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми қонун, дӯст доштани Ватан ва ваҳдати миллӣ бояд рисолати ҳар як шаҳрванди кишвар бошад.
Бахтоваршоева Марина Китобдори Филиали 117 деҳаи Мун

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев