Сакинат ва узвфурушон
Қисми 3
Рӯзи дигар Сакина ҳамаро ба кору хониш гусел карда, ҳамроҳи модараш ба маҳаллаи ҳамсоя рафт, то аз оилаҳое, ки фарзандонашон гум шудаанд, хабар гирад. Вақте пурсон-пурсон мерафт, фаҳмид, ки ин оилаҳо девордармиён ҳамсоя будаанд ва аз ин бисёр андӯҳгин шуд. Аввал дари як хонаро тақ-тақ заданд. Пас аз чанде зани нисбатан солхӯрдае дарро кушод.
— Биёед, кӣ лозим? — пурсид зан.
Сакина ба зан нигоҳ карда, дилаш сӯхт. Мӯйҳои зан парешон, рӯймолашро бепарвоёна баста, ранги рӯяш канда ва чашмонаш аз гиряи зиёд варам карда буданд.
— Ассалому алайкум, апаҷон. Ман бо модарам барои хабаргирии шумо омадем. Мусибати ба саратон омадаро шунида, хеле ғамгин шудем. Гуфтем, шояд ягон ёриамон расад.
— Хуш омадед, дароед, — гӯён зан онҳоро ба дарун таклиф кард.
— Апаҷон, хуб ҳастед? Бисёр зиқ нашавед, — гап сар кард Сакина.
Зан, ки худро базӯр дошта мегашт, якбора кафида, бо овози баланд гиря сар кард:
— Кӣ бо мо қасд дошта бошад-а? Духтари ягонаам, ки пас аз 10 сол ёфта будам, ҳоло дар куҷо бошад?
Илоҳо, ҳеҷ модаре дар фироқи фарзанд насӯзад. Зан нола мекарду дили Сакина ва модараш пора-пора мешуд. Сакина ба ёди духтари фавтидааш афтода, ӯ ҳам гиря кард.
— Апаҷон, илтимос, гиря накунед, — гуфт Сакина пас аз каме ором шудан. — Духтаратон албатта ёфт мешавад, мана мегӯед. Ман бо шавҳарам гап задам, ӯ ҳатман ёрӣ медиҳад. Аз як тараф мақомот ҳам ҷустуҷӯ доранд. Иншоаллоҳ ёфт мешавад.
— Раҳмат ба шумо, каме ҳам бошад, диламро бардоштед, — миннатдорӣ кард модари духтар.
— Одамро одам ором мекунад, духтарам, — гуфт модари Сакина. — Ҳамааш хуб мешавад. Акнун мо равем.
Сакина ва модараш ба кӯча баромаданд.
— Ба хонаи дигар ҳам медароем? — пурсид модар аз Сакина.
— Не, очаҷон, дилам дигар тоқат намекунад. Биёед, ба хона равем.
— Майлаш, духтарам, ҳар чӣ ту гӯӣ, — гуфт модар.
Ҳарду ба хона баргаштанд. Руқия-апа дарро кушода, онҳоро пешвоз гирифт. Сакина беҳолона ба ошхона гузашта, ба курсӣ нишаст:
— Оча, бинед-а, чӣ қадар ваҳшигарӣ! Он тифли бечора фарзанди бо орзуву ниёз ёфтаи он зан будааст. Дили модар хун шудааст.
— Ҳа, духтарам, чӣ ҳам мегуфтӣ. Дили модар адо шудааст-да. Боре бибии раҳматиам мегуфтанд: "Худованд пеш аз он ки модарро офарад, як бех шӯра (алафи бекорхоба) меофарид, беҳтар буд" (ки ин қадар дард накашад).
Субҳи барвақт.
Пас аз намози бомдод ҳама дар гирди дастурхони нонушта ҷамъ шуданд. Имона дар байни чойхӯрӣ ба Фирдавс гап сар кард:
— Дадаҷон, аз имрӯз таҷрибаомӯзии мо сар мешавад. Ман рост ба клиника меравам. Бояд таҷрибаамро зиёд кунам. Барои он ки фардо як духтури моҳир шавам, бояд бисёр омӯзам.
— Хуб мешавад, духтарам, — гуфт Фирдавс. — Бо Фарҳод якҷоя кор карда, таҷриба меомӯзед.
— Чӣ?! Дадаҷон, илтимос, ӯро аз ман дур нигоҳ доред. Ӯ ба ман умуман маъқул нашуд. Махсусан мӯйҳои ҷингилааш! Мехоҳам бо дастҳоям он мӯйҳояшро як-як канда гирам!
Ҳама ба ин гапи Имона хандиданд, махсусан Хадича ва Имрон.
— Вой, апаи шӯхи ман, ба он бачаи бечора чӣ кор доред, мӯйҳояшро ором гузоред, — хандида гуфт Хадича.
— Рост мегӯям, шумо як бор мӯйҳои ӯро бинед! — Имона ҳанӯз бо қаҳр гап мезад. — Боз мӯйҳои дароз-дароз дорад!
— Дадаш, кист ин Фарҳод, ки духтари маро хафа кардааст? Имона ба осонӣ касеро бад намедид. Ин бача кист, ки духтарам номашро шунавад, мӯи баданаш рост мешавад?
— Ӯ як духтури дараҷаи олӣ, кардиолог ва ҷарроҳ аст. Нав дар хориҷа таҳсил карда омад. Мӯйҳояш таъсири ҳамон хориҷа аст, вале худаш бачаи бисёр хуб. Кошки домодам мисли Фарҳод мешуд, — гуфт Фирдавс.
— Дадаҷон, чӣ мегӯед? — Имона аз шарму қаҳр суп-сурх шуд. — Он "барача" ба шумо чӣ хел маъқул шуд? Ӯ мисли кундаи тар аст-ку! Майлаш, бибиҷон, маро дуо кунед, вагарна агар каме дигар шинам, дадаам маро ба дасти Фарҳод месупоранд. Тезтар ба кор равам. Имрӯз корам бисёр аст.
— Хуб мешавад, илоҳо омин, — гуфта Омина-хола даст ба дуо бардошт.
Имона ба мошинаш нишаста, сӯи клиника рафт. Вақте мошинашро дар таваққуфгоҳи клиника гузошт, кайфияти субҳиш боз ҳам бадтар шуд. "Магар имрӯз аз тарафи чапам хестаам? Чаро рӯзам ин хел сар шуд?" — гуфт ӯ ба худ. Чунки дар рӯ ба рӯи ӯ...
Пас аз рафтани Имона, Сакина ва Омина-хола Фирдавсро ба "бозпурсӣ" гирифтанд:
— Кист он ҷавон? Оилааш чӣ хел? Падару модараш кист? Чандсола аст?
Фирдавс, ки гӯшҳояш аз саволҳои ҳарду тараф пур шуда буд, хандида гуфт:
— Тинҷӣ аст? Чаро ин қадар ҷустуҷу доред? Пештар духтарҳоро ҷустуҷу мекарданд, шумо бошад бачаро. Ҳамаи маълумотро намедонам. Акнун мепурсам. Фақат медонам, ки 25-сола аст. Дар бораи оилааш напурсидаам. Худамон нав шинос шудем.
— Барои мо дар бораи ин ҷавон маълумот ҷамъ кунед, дадаш. Ба назарам бачаи хуб менамояд. Хеле мехоҳам, ки барои Имона маҳз ҳамин хел ҳамкасби худаш ҳамсафар шавад, — гуфт Сакина.
— Иншоаллоҳ, духтари ман лоиқи беҳтаринҳост, — илова кард Омина-хола.
— Худо хоҳад, насиб бошад, Имонаро ҳам ба шавҳар медиҳему барои Имрон ҳам як келини боимону боэътиқод меёбем. Ҳамааш вақту соат дорад, — гуфт Фирдавс. — Майлаш, ман ҳам ба кор равам. Тезтар наравам, боз Имона бо Фарҳод ба "ринг" набарояд, — хандида гуфт ӯ. — Феъли духтарам ба худамон маълум, боз субҳ дар бораи Фарҳод гап задем. Илоҳо то рафтани ман тинҷӣ бошад.
Фирдавс инро гуфта, бошитоб баромад.
Имона аз мошин фаромад ва Фарҳодро дид, ки ба наздаш меояд. Эҳсос кард, ки асабҳояш аз дидани ӯ ба шиддат меларзанд.
— Субҳ ба хайр, Имона, хуб ҳастӣ? — гуфт Фарҳод.
— Агар саҳарӣ шуморо намедидам, субҳам ба хайр мешуд, — гуфт Имона аз қаҳр суп-сурх шуда.
— Оҳ-оҳ, Фирдавс Акбарович ба нонушта чошнии қаламфури тунди сурх додаанд-чӣ, заҳрхонум? Аз забонатон ба ҷои асал заҳри чили чак-чак мечакад.
— Ба шумо чӣ фарқ дорад, заҳр мечакад ё асал? Ин кори ман аст! — гуфту Имона бо қадамҳои тез ба ҳуҷраи либосивазкунӣ даромад.
— Ин заҳрхандаҳояш ҳам ба худаш зебидаан-да. Боре ба бибиҷонам нишон диҳам, ҳатман ба он кас маъқул мешавад. Аз баски бибиам ҳамеша "кай зан мегирӣ?" гуфта, аз ман хафа мешаванд.
Фарҳод зери лаб хандида ба дарун даромад. Дид, ки Имона аз куллер оби ҷӯш гирифта, қаҳва тайёр карда истодааст.
— Илтимос, ба ман ҳам як қаҳва дам кунед, — гуфт Фарҳод.
— Боз дилатон чӣ мехоҳад? — гуфт Имона. — Шояд худам ба даҳонатон рехта монам?
— Не намегуфтам, — Фарҳод қасдан боз ба асаби Имона расид. Чунки хислати ҷиддӣ ва ҷозибаи, у рафтори қатъӣ ва ҷасурии Имона рӯз то рӯз ба ӯ бештар маъқул мешуд.
— Чаро ба ман ин хел нигоҳ мекунед? Хаёлатон дар куҷост? — Саволи Имона Фарҳодро, ки ба хаёл рафта буд, ба худ овард. — Гиред қаҳваро, майлаш, дилам ба шумо сӯхт. Фақат ҳамин як бор барои савоб дам кардам. Дигар намекунам, — гуфт Имона.
— Ҳоло мебинем. Чунон мекунам, ки тамоми умр бароям қаҳва дам кунӣ ва танҳо аз они ман бошӣ. — Фарҳод дар оғӯши хаёлҳои ширин буд ва пай набурд, ки ҳангоми гирифтани қаҳва, истакон аз дасташ лағжид.
— А-а-ай, поям! — фарёд зад Имона. Қаҳваи гарм ба пояш рехт. Фарҳод инро дида тарсид. Зуд ба назди қуттии ёрии аввалия давид. Марҳами зидди сӯхтагиро оварда, ба пои Имона молидан гирифт. Маҳз дар ҳамин вақт Фирдавс аз дар даромад.
— Дар ин ҷо чӣ гап? Тинҷӣ аст?
Имона, ки пушташ ба дар буд, падарашро дида, гиря сар кард.
— Дадаҷон, поям... поям. Қаҳва рехт.
Фирдавс бошитоб марҳамро аз дасти Фарҳод гирифту гуфт: "Зуд рафта ях биёр!"
Фарҳод давида рафт. Фирдавс Имонаро бардошта, ба диван шинонд.
— Хубӣ, духтарам? Акнун беҳтар шуд?
— Ҳа, вале каме месӯзад. Роҳ гашта наметавонам, дадаҷон, — мегирист Имона.
— Ҳеҷ гап не, ҳоло туро ба ҳуҷраи муолиҷа мебарем. Як сӯзандоруи мекунем ва поятро мебандем. То бегоҳ хуб мешавӣ.
— Майлаш, дадаҷон. То бегоҳ тезтар хуб шавад, вагарна очаам ва бибиам метарсанд.
Дар ин вақт Фарҳод бо ях омад ва бо ҳисси гунаҳкорӣ гуфт: "Илтимос, Фирдавс Акбарович, маро бубахшед, ҳамааш айби ман шуд. Истакон аз дастам лағжид."
— Ҳеҷ гап не, Фарҳод, хиҷолат накаш, ту қасдан накардӣ, — ӯро ором кард Фирдавс ва ҳамшираҳои навбатдорро ҷеғ зад. Имонаро ба ҳуҷраи муолиҷа бурданд ва дар он ҷо пас аз сӯзандоруи оромбахш, ӯ хобаш бурд. Баъди чанд вақт, вақте чашмонашро кушод, дид, ки дар ҳуҷраи истироҳат аст. Дар назди канори диван, болои стол як гули садбарги сурх, як қуттӣ шоколад ва як бозичаи гурбачаи мулоим меистод. Дар болои туҳфаҳо коғазе буд, ки дар он "Маро бубахш" навишта шуда буд.
Имона каме ба худ омад ва роҳ гашта дид. Дард кам шуда буд. Дар ҳамин вақт Фирдавс ва Фарҳод вориди ҳуҷра шуданд.
— Духтарам, беҳтар шудӣ? Поят чӣ хел? — пурсид Фирдавс.
— Имона, илтимос маро бубахш, — гуфт Фарҳод.
— Майлаш, хиҷолат накашед, ман хубам, — гуфт ӯ ба Фарҳод ва баъд ба падараш рӯ овард: — Дадаҷон, илтимос ба хона равем. Дар хона дам мегирам.
— Майлаш, духтарам, ҳоло мошинро тайёр мекунам, — гуфт Фирдавс ва баромад.
— Имона, маро бахшидӣ-а? — пурсид Фарҳод.
— Ҳа, бахшидам. Барои гулу шириниҳо раҳмат. Аз куҷо донистед, ки ман шоколад ва садбаргро дӯст медорам? Ва бозичаи гурбаро ҳам? Ё дадаам гуфтанд?
— Не, худам ҳис кардам. Чунки дилам ҳис кард, ки ба ин "заҳрхандаи" ман чӣ маъқул аст, — хандид Фарҳод.
— Дуруст ҳис кардаед, — гуфт Имона. Сипас Фирдавс омада, Имонаро аз китфаш дошта ба мошин бурд.
Вақте ба хона расиданд, Сакина аз дидани онҳо ҳуш аз сараш парид.
— Тинҷӣ аст? Ба Имона чӣ шуд? Чаро барвақт омадед? — бо хавотир атрофи Имона чарх мезад ӯ.
— Хавотир нашав, Имона хуб аст, танҳо ба пояш қаҳваи гарм рехтааст.
Сакина Имонаро ба дарун бурд. Омина-хола низ тарсид. Имона ба ҳуҷрааш рафту гуфт: "Ман хубам, хавотир нашавед, каме дам мегирам."
Вақте волидонаш ба поён фаромаданд, телефони Имона занг зад. Рақам ношинос буд.
— Алло, мешунавам. Кист ин?
— Алло, "заҳрханда", хуб ҳастӣ?
— Нафаҳмидам... шумо?! Рақами маро аз куҷо ёфтед?
— Чаро ҳайрон мешавӣ? Ёфтани он душвор нест. Хостам ҳолатро пурсам.
— Раҳмат, хубам.
— Пас, то фардо, — гуфт Фарҳод ва гӯширо гузошт. Имона табассум карду гуфт: "Тавба, ин бачаи хуб будааст-ку."
Субҳи барвақт.
Имона ба Фирдавс гуфт: "Дадаҷон, маро ҳам ба кор баред, дар хона истода наметавонам, беҳтар шудам."
Дар клиника, вақте аз мошин фаромад, Фарҳодро дид.
— Ассалому алайкум, Фирдавс Акбарович. Имона, ту ҳам хуб ҳастӣ?
— Ваалайкум ассалом, раҳмат, — гуфт Фирдавс. — Шумо омадед, ман ба дарун меравам, шумо бо Имона оҳиста дароед.
Имона ва Фарҳод ба ҳамдигар нигоҳ карда, хандиданд. Дигар он ҳисси бегонагӣ дар байни онҳо нест шуд. Як истакон қаҳва ба наздик шудани онҳо кӯмак кард.
Имрон бегоҳирӯзӣ аз хониш бармегашт. Дар роҳ дид, ки ду ҷавон дасти як духтарро кашола карда истодаанд. Имрон, ки табиатан дили нарм дошт, бетараф намонд. Мошинро манъ карда, фаромад.
— Дар ин ҷо чӣ гап, ҷавонон? Тинҷӣ аст? — пурсид ӯ. Духтар бо чашмони пур аз ашк кӯшиш мекард дасташро раҳо кунад.
— Ба ту чӣ? Аз роҳат намон! — гуфт яке аз ҷавонон, ки дар рӯяш захми калон дошт. Ман бо ин духтар гап мезанам, ту чаро дахолат мекунӣ?
— Мебинӣ-ку, духтар зид аст ва намехоҳад бо ту гап занад. Ӯро ором гузор! — гуфт Имрон.
— Афсӯс, ки ба коре, ки ба ту дахл надорад, ҳамроҳ шудӣ, — гуфту ҷавони захмдор бо корд ба Имрон ҳамла кард. Имрон, ки дар академия ҳунари размиро хуб омӯхта буд, дасти ӯро гардонд ва рафиқашро, ки ба кӯмак меомад, бо лагад ба шикамаш зад.
Ҷавонон аз тарс ва дард гурехтанд. Имрон ба духтар рӯ овард:
— Ту хубӣ? Дастат дард намекунад?
— Ҳа, — оҳиста гуфт духтар.
— Чаро дар ин вақти дер дар кӯча ҳастед? — пурсид Имрон.
— Модарам бемор аст, барои дору баромадам. Аз кор омадам, ки доруҳояш тамом шудаанд.
— Номатон чист? Дар куҷо зиндагӣ мекунед? Биёед, шуморо бурда мемонам.
— Номам Ифора аст. Дар кӯчаи ҳамсоя зиндагӣ мекунам. Хонаам наздик аст, хиҷолат накашед.
— Ба ҳар ҳол, хуб нест, биёед ба мошин, — Имрон ӯро ба мошин таклиф кард.
Дар мошин Имрон пурсид: "Он ҷавонҳо кӣ буданд?"
— Якеаш ҳамсинфам ва дигаре ҷияни ӯ. Ҳамеша роҳамро мегирад ва мегӯяд, ки бо ту издивоҷ мекунам. Ман метарсам, чунки рафтораш хуб нест. Осори ҷароҳати рӯяш низ маҳсули задухӯрдҳои кӯчагист.
Ифора гапашро тамом карду гуфт: «Мана, расидем, ин хонаи ман. Раҳмат ба шумо!» — ва аз мошин фаромада, сӯи хонааш шитофт. Имрон дар ҷавоб гуфт: «Арзише надорад, агар каси дигар ҳам дар ҷои ман мебуд, ҳамин корро мекард» ва бо духтар хайрухуш намуд. Лекин ӯ намедонист, ки вақте мерасад ва роҳҳои онҳо боз бо ҳам мепайванданд. Имрон мошинро тез ронда, ба хона шитофт. Мошинро дар гараж монда, рост ба ошхона рафт. Вақте даромад, ҳама дар гирди дастурхон мунтазири хӯроки шом буданд.
— Ассалому алайкум ба ҳама! Бибиҷон, очаҷон, хуб ҳастед? Зиқ нашуда нишастаед? Ту чӣ, ту хубӣ, "биннипучуқ"? — гӯён ба Хадича шӯхӣ кард.
— Ман-ку хубам, акоҷон, шумо хубед? Каме дер кардед, — Хадича ҳатто аз Фирдавс пештар бародарашро ба пурсиш гирифт.
— Ассалому алайкум, дада, хуб ҳастед? Аз кор монда нашуда омадед? — Имрон бо Фирдавс салом дод.
— Раҳмат, писарам, худам хубам. Ту чаро дер кардӣ, тинҷӣ буд?
— Ҳа, дада, тинҷӣ. Дар роҳ каме андармон шудам. Роҳи як духтари бечораро ду авбош гирифта будаанд, ёрӣ дода, то хонааш бурда мондам. Барои ҳамин дер шуд.
— Дар вақти шаб ба духтар дар кӯча чӣ кор буд? — Сакина ба гап ҳамроҳ шуд.
— Оча, модараш бемор будааст. Аз кор омада дидааст, ки доруҳояш тамом шудаанд, баъд ба дорухона баромадааст ва дар роҳ бо авбошон рӯ ба рӯ шудааст, — фаҳмонд Имрон.
— Хайр, модоме ки ҳамааш хуб анҷом ёфтааст, марҳамат ба хӯрок. Очаҷон, шумо сар кунед, — гуфт Фирдавс. Пас аз хӯрок ва дуои дастурхон, Имрон барои машғулиятҳои шомгоҳии худ рафт. Омина-хола ба гап даромад:
— Писарам Имрон ҳам ҷавонмарди калон шудааст. Пештар ба духтарҳо аҳамият намедод, вале акнун мебинам, ки як ҷавонмарди асил ва олиҳиммат шуда истодааст. Аз ин бисёр хурсандам. Илоҳо, ба писарам ва духтаронам Аллоҳ ҷуфтҳои солеҳу солеҳа насиб гардонад. Парвардигор худаш аз чашми бад ва назари бад нигоҳ дорад.
Омина-хола дар оғӯши хаёлҳои ширин барои набераҳояш дуо мекард.
Имрон ба ҳуҷрааш даромада, ба диван дароз кашид ва симои Ифора пеши чашмонаш омад. "Яке аз ӯ пурсидам, вале ба рӯям нигоҳ накард. Ба мошин ҳам бо шарму ҳаё ва базӯр нишаст. Одобу ҳаёяш бисёр зебо будааст. Суханонаш, овозаш — ҳамаро бо адаб ва дона-дона баён мекард", — фикр мекард Имрон ва бо умеди он ки боз вомехӯранд, хобаш бурд.
Ифора бошад, аз мошин фаромада, бошитоб ба хона даромад. Модараш аллакай аз ӯ хавотир шуда буд.
— Омадӣ, духтарам? Чаро ин қадар дер кардӣ?
— Омадам, очаҷон. Медонед, боз ҳамон ҳамсинфам бо хешаш роҳамро гирифтанд. Дар ҳолати ногувор монда будам, ки Аллоҳ як ҷавонро расонд. Маро наҷот дод ва то хона овард. Ҷавони боадаб ва мард будааст, — нақл кард Ифора.
— Аллоҳ аз он ҷавон рози бошад, раҳмат ба падару модараш, ки чунин тарбия додаанд, — гӯён модари Ифора, Насима-хола, даст ба дуо бардошт.
— Очаҷон, биёед, акнун доруҳоятонро диҳам, — Ифора бо эҳтиёт ба модараш дору дод.
— Эҳ духтарам, агар падарат зинда мебуд, ман ҳоло бо ин дарди дил овора намешудам, — модараш ашк рехт. — Бепулӣ кушад-а... Агар пул медоштем ва диламро ҷарроҳӣ мекардем, ман ҳам шифо меёфтам ва туро зудтар ба дасти соҳибат (бахтат) месупоридам.
— Очаҷон, зиқ нашавед. Иншоаллоҳ, дилатонро ҷарроҳӣ мекунем. Наҷот танҳо аз Аллоҳ аст. Ман ҳамеша аз Худо хайрашро мепурсам. Пул ҳам ҷамъ карда истодаам. Агар боз бештар кор кунам, ҳамааш хуб мешавад. Биёед, акнун хӯрок мехӯрем, як мастобаи ширин пухтаам. Ҳозир бо ҷурғоту кабудӣ меорам.
— Майлаш, духтарам, биёр. Аллоҳ ба ту бахти сафед диҳад. Дар куҷое бошӣ, ҳамеша азизу мӯътабар гардӣ.
Туркия. Истанбул.
Фотиҳ, ки чанде пеш аз Олмон баргашта буд, бо кайфияти хуб мегашт. "Акнун диққати асосиро ба Фирдавс равона мекунем", — гуфт ӯ ба худ. "Акнун бо ту ҳисобу китоб мекунем". Телефонро гирифта ба Салим занг зад:
— Алло, Салим, (назорат) чӣ шуд? Духтарҳоро таъқиб карда, ҳамаашро аниқ кардӣ?
— Ҳа, (ҷанобам), аниқ кардем. Одамони ман ҳар як қадами онҳоро назорат мекунанд. Фармон диҳед, ба кор шурӯъ мекунем.
— Окей, пас ман мехоҳам дар рӯзҳои наздик ҳарду духтари Фирдавсро дар наздам бинам. Гуфта будӣ, ки духтари калониаш бисёр зебо аст, ҳа? Пас, бо он "докторхонум" каме вақтхушӣ мекунем, — Фотиҳ бо овози баланд хандид. — Гап ҳамин, тезтар духтарҳоро ба назди ман биёред, мунтазирам!
Хадича субҳ аз хоб бедор шуду эҳсос кард, ки имрӯз ҳолаташ дигаргун аст. Ба атроф нигоҳ кард ва дид, ки нури сурхтобе паҳн мешавад. Вақте барои нонушта ба поён фаромад, дид, ки аз тамоми аъзои оилаашон нур менамояд. Ӯ ба касе дар ин бора чизе нагуфт. Пас аз нонушта бо ҳама хайрухуш карда, ба мактаб шитофт.
Дар соати дуюми дарс — адабиёт, ногаҳон ба ӯ "сигнал" омад. Ӯ боз ба ҳолати муроқаба афтод. Рӯҳаш сабук шуда, мисли пари сафед ба осмон баланд шуд. Дар байни абрҳои сафед парвоз карда, орзу мекард, ки кошки ҳамеша дар ҳамин ҳолат бимонад. Хадича боз ба ҳамон манзил расид: тахти тиллоӣ ва мӯйсафеди нуронии ришсафед.
— Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бобоҷон, — оҳиста салом дод Хадича.
— Ваалайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, духтарам. Хуш омадӣ. Дарсҳоятро хуб мехонӣ? — пурсид бобо.
— Раҳмат, бобоҷон. Оё ин китоби пеши шумо Қуръони Карим аст? — пурсид Хадича.
— Ҳа, духтарам, ин каломи Аллоҳ аст. Кори мо дар ин ҷо мутолиа ва пур кардани олам бо некиву оромиш аст. Мо атрофро назорат мекунем. Туро ба он хотир зуд хондам, ки аз ин пас ба ту вазифаи муҳиме супорида мешавад. Албатта, ин душвор хоҳад буд, вале мо ба ту ақлу заковат ва ҳушмандии зиёд ҳадя кардем. Акнун ту аз дигар инсонҳо фарқ мекунӣ. Ман ҳоло туро бо боз ду бобои дигар шинос мекунам, ки устодони ман ҳастанд. Онҳо низ мисли ман туро ҳимоя мекунанд.
Хадича дид, ки дар болои ду абри калон ду мӯйсафеди дигар омада истодаанд. Рӯи онҳо чунон нуронӣ буд, ки чашмони Хадичаро хира мекард. Вақте абрҳо дар назди тахт қарор гирифтанд, бобои аввал ба устодонаш бо эҳтиром салом дод. Устодон ба Хадича рӯ оварданд:
— Хуш омадӣ, духтарам, ба олами мо. Аллоҳ ҳанӯз пеш аз таваллудат ин тақдирро дар пешониат навишта буд. Мо ба ту вазифаи бузурге месупорем. Мехоҳем тавассути ту баъзе гумроҳонро ба роҳи тавба баргардонем. Оё барои ин ҳадафи бузург омода ҳастӣ? Бидон, ки мо ҳар се ҳамеша дар паҳлӯят ҳастем, вале ин роҳ душвору пурмашаққат аст.
— Албатта омодаам! — бе дудилагӣ ҷавоб дод Хадича. — Агар Аллоҳ маро барои ин мақсад интихоб карда бошад, ман бисёр хурсандам ва ҳатто тайёрам дар ин роҳ ҷонамро фидо кунам.
— Баракалло, духтарам! Пас бишнав: дар рӯзҳои наздик оилаи шумо ба имтиҳон рӯ ба рӯ мешавад ва ин имтиҳон марбут ба ту ва апаат хоҳад буд.
Хадича аз шунидани ин суханон заррае натарсид. Ӯ ба қазову қадари илоҳӣ розӣ буд. Ӯ боз аз байни абрҳо ба поён парвоз кард. Вақте чашм кушод, дарс ҳанӯз давом дошт. Ҳеҷ кас тағйироти ӯро пай набурд. Баъди дарс вақте ба мошин менишаст, эҳсос кард, ки касе ӯро назорат мекунад. Ҳиссиёти ӯ бисёр тез шуда буд. Дар роҳ аз оинаи ақиб дид, ки як мошини сиёҳ онҳоро таъқиб мекунад, вале худро оромона ба даст гирифт. Дар хона аз тиреза нигоҳ карда, дид, ки он мошин дар дурӣ истодааст.
Вақти кор тамом шуд ва Имона мехост ба хона равад, ки телефонаш занг зад.
— Алло, Имона, ман дадаат. Ман каме дер мекунам, туро Фарҳод ба хона мебарад, танҳо нарава, — гуфт Фирдавс.
— Хуб шудааст, дадаҷон, — табассум кард Имона. "Боз як бори дигар ин ҷингиламӯйро ба хашм орам-чӣ", — гуфт ӯ хандида.
Имона ба лифт наздик мешуд, ки Фарҳод давида расид:
— Имона, ист, якҷоя меравем. Фирдавс Акбарович супориш доданд, ки туро ман ба хона барам.
— Барои ҳамин давида омадед, ки аз фурсат истифода баред? Ман худам ҳам рафта метавонам, — гуфт Имона.
— Оббо, ин духтар ин қадар якрав-а! Ман худам мебарам. Раҳмам ба он бачае меояд, ки бо ту издивоҷ мекунад, то туро мулоим кунад, эҳе...
— Хеле хуб, ман ҳамин хел ҳастам. Касе тоқат кунад, кунад, накунад, кори худаш, — ҷавоб дод Имона.
Онҳо ба роҳ баромаданд. Дар роҳи калон Фарҳод пай бурд:
— Имона, нигоҳ кун, он мошини сиёҳ на пеш мегузарад ва на ақиб мемонад. Гӯё моро таъқиб дорад.
Имона ҳам аз оина дид. Оинаҳои он мошин сиёҳ буданд ва касе наменамуд.
— Фарҳод-ака, ист, ҳоло месанҷем. Ба кӯчаи паҳлӯӣ гардед, — гуфт Имона. Фарҳод мошинро гардонд ва диданд, ки он мошин ҳам аз пасашон омад. Фарҳод якбора мошинро манъ кард ва фаромад. Вақте ба он мошин наздик шуд, мошини сиёҳ зуд пас гашт ва ба самти роҳи калон рафт.
— Тинҷӣ аст? Чӣ гап шуд? — пурсид Имона.
— Нафаҳмидам. Шояд ягон ҷавон туро таъқиб мекарда бошад, — шӯхӣ кард Фарҳод.
— Шояд, — хандид Имона.
Вақте ба хона расиданд, Фарҳод ба Имона кӯмак кард, ки аз мошин фарояд. Сакина онҳоро аз тиреза дид. Вақте Имона даромад, Сакина пурсид:
— Бо кӣ омадӣ? Он ҷавон кист?
— Очаҷон, ин Фарҳод, ҳамкорам. Дадаам гуфтанд, ки маро ба хона барад.
— Ҳа, ҳамин тавр... Ҷавони хушрӯй будааст. Падару модарашро мешиносӣ?
— Очаҷон, чӣ хел саволҳо медиҳед! Ман аз куҷо оилаи ӯро медонам?
— Намедонам, вале симояш бароям бисёр шинос менамояд. Гӯё ӯро пештар дида бошам, — гуфт Сакина.
Фарҳод ба хона расид ва ба бибиаш Фазилат-хола занг зад. Фазилат-хола ҳамон зане буд, ки Сакинаро ба роҳи имон ва намоз ҳидоят карда буд.
— Омадӣ, бачаҷон? Хавотир шудам, — гуфт бибиаш.
— Омадам, бибиҷон. Барои шумо як хушхабар дорам. Барои шумо як келини зӯр ёфтам!
— Рост мегӯӣ? Кист он духтар? Охир туро ба зангирӣ розӣ карда наметавонистам-ку.
— Бибиҷон, ӯ ба ман хеле маъқул аст. Номаш Имона. Дадааш Фирдавс ном дорад, сардори клиникаи мо.
— Ист, ист... Номи падарашро кӣ гуфтӣ? — Фазилат-хола боз пурсид. — Фирдавс Акбарович? Тавба, ин дунё чархи фалак будааст. Номи модараш Сакина нест?
— Ҳа, бибиҷон. Тинҷӣ аст? Шумо онҳоро мешиносед?
— Албатта мешиносам! Сакина духтарихондии ман аст. ӯ дар беморхона маро нигоҳубин карда буд. Бубин-а, акнун ту ба духтари Сакина дил бастӣ. Ман бисёр вақт шуд, ки ӯро надидаам. Ин баҳонаи хуб шуд, ки рафта хабар гирам.
Фарҳод аз хурсандӣ бибиашро ба оғӯш гирифт: "Шумо ганҷи ман ҳастед!"
— Майлаш, бачаҷон, дар як-ду рӯз рафта гап мезанам. Чӣ қадар хуб мешуд, ки бо одамони шинос қудо шавем. Ба ман "не" намегӯянд, — гуфт бибиаш бо умед.
Фарҳод ба ҳуҷрааш рафту ба Имона занг зад:
— Алло, "заҳрханда", хуб ҳастӣ?
— Ассалому алайкум, тинҷӣ аст? Чаро дар ин вақти дер занг мезанед.
Тинҷӣ аст? Чаро дар ин вақти дер занг мезанед? — бо ҳайрат пурсид Имона.
— Барои ту як хушхабари зӯр дорам, мехостам ҳамонро гӯям, — гуфт Фарҳод.
— Чӣ хел хушхабар будааст, бигӯед, шунавам.
— Медонӣ, бибиҷони ман ва падару модари ту шиносони наздик будаанд. Якдигарро хеле хуб мешинохтаанд.
— Наход! Шумо аз куҷо фаҳмидед? Кӣ гуфт?
— Бибиҷонам гуфтанд. Дар як-ду рӯз мехоҳанд ба хонаи шумо меҳмонӣ раванд, — гуфт Фарҳод.
— Хеле хуб, марҳамат, биёянд. Дари хонаи мо ҳамеша кушода аст.
— Боз як гапи дигар ҳам дорам. Гӯям???
— Ҳа, гӯед.
— Не, дилам нахост, ки гӯям, — Фарҳод дидаву дониста ба рашки Имона расид.
— Агар намегуфтед, чаро гап сар кардед? Равед-е! — гуфт Имона ва телефонро хомӯш кард.
— Оббо, ҳатто шӯхиро намефаҳмад, — гуфта Фарҳод боз занг зад, вале Имона гӯширо набардошт.
"Вой, хонуми қаҳрчи е", — гуфт Фарҳодва ба навиштани СМС шурӯъ кард:
"Боз як хушхабари дигар: бибиам мехоҳанд ба хостгории ту раванд. Ту чӣ мегӯӣ? Розӣ мешавӣ?"
"Ихтиёри ман дар дасти дадаам аст, онҳо чӣ гӯянд, ҳамон мешавад", — СМС-и ҷавобиро хонда, Фарҳод аз хурсандӣ бол баровард. Пас ақаллан каме умед ҳаст ва Имона ҳам ба ӯ бепарво нест. Фарҳоддар оғӯши хаёлҳои ширин ба хоб рафт.
Нимашаб. Фарҳод якбора аз хоб парида хест. Аз таъсири хобе, ки дида буд, ба худ омада наметавонист. "Хайр бошад", — гуфт ӯ ва хобашро ба ёд овард.
Имона ва Фарҳод дар оғӯши табиати зебо гул мечиданд. Дар пеши онҳо кӯҳи калоне буд ва онҳо аз гулҳои худрӯи доманакӯҳ дастагул месохтанд. Фарҳод дастагулро ба Имона дароз кард, вале Имона фурсат наёфт, ки онро бигирад — ногаҳон замини байни онҳо кафид. Онҳо дар ду тарафи ҷарӣ монданд. Дар дохили ҷарӣ оташи сӯзон пайдо шуд. Имона аз тарс дод зад ва хост аз оташ гурезад, вале ба чоҳ афтид. Фарҳод "Имона!" гӯён фарёд мезад, вале чорае надошт... Дар ҳамин лаҳза ӯ бедор шуд.
"Хайр бошад", — гӯён ба ошхона рафт, об нӯшид ва дигар хобаш набурд.
Туркия. Истанбул.
Фотиҳ бо телефон бо Салим гап мезад ва дод мезад:
— Чаро то ҳол духтар дар назди ман нест? Ман ба шумо чӣ гуфта будам? Ҳамин имрӯз ба кор шурӯъ кунед! Мехоҳам пагоҳ духтарҳо дар наздам бошанд. Имрӯз ҳардуро дуздида, бо роҳҳои пинҳонӣ ба назди ман биёред!
— Хуб шудааст, ҷанобам, — гуфт Салим ва ба Гӯнеш занг зад. — Алло, Гӯнеш, босс дар ғазаб аст. Бояд зуд даст ба кор шавем. Аввал духтари калониро медуздем, баъд хурдиро. Оғоз кун!
Субҳи барвақт Хадича бо дили ноором бедор шуд. Ҳангоми нонушта ба ҳама бо меҳри зиёд нигоҳ мекард, махсусан ба модараш. Вақте ба мактаб мерафт, модарашро сахт ба оғӯш гирифту бӯсид, гӯё бори охир бошад. Сакина ҳайрон шуда пурсид:
— Хадичаҷон, тинҷӣ аст? Имрӯз дигар хел ҳастӣ.
— Не, очаҷон, фақат шуморо пазмон мешавам, барои ҳамин, — гуфт Хадича. Баъд бо бибиву падараш ҳам хайрухуш кард, як бор ба қафо нигаристу ба мошин нишаста ба мактаб рафт.
Имона низ бо ҳама хайрухуш карда аз хона баромад. Намедонад чаро, дилаш нахост ба мошин нишинад. Дар бораи гапҳои шаби Фарҳод фикр карда, хост каме пиёда гардад. Вақте ба сари роҳи калон баромад, як мошини сиёҳ дар наздаш истод.
Имона бо ҳайрат нигоҳ кард. Дари мошин кушода шуд ва рӯи як зани миёнасол намудор гашт.
— Хуб ҳастед? Биёед, мо шуморо мебарем.
— Не, раҳмат, худам оҳиста меравам, — гуфт Имона.
— Биёед, нишинед, мо ҳам ба ҳамон клиникае, ки шумо кор мекунед, меравем, роҳамон як аст.
— Шумо маро мешиносед? — пурсид Имона.
— Ҳа, на танҳо шуморо, балки падаратонро ҳам хуб мешиносем. Биёед, рафтем, — гуфт зан. Бе ягон шак, ин зан Гӯнеш, одами Фотиҳ буд.
Имона бо соддагӣ "хайр, майлаш" гуфту ба мошин нишаст. Ҳамин ки ӯ нишаст, мошин бо суръат ҳаракат кард.
— Оҳистатар ронед, — гуфт Имона. Вақте ронанда ба Имона нигоҳ кард, ӯ аз тарс ларзид. Рӯи ронанда пур аз ҷароҳат (шрам) буд ва як чашмаш гӯё дар ҷояш набуд.
— Шумо кистед? Маро ба куҷо мебаред? Манъ кунед, ман мефароям! — дод зад Имона. Дар ҳамин лаҳза зан рӯймолчаеро ба бинии Имона зер кард ва ӯ аз ҳуш рафт.
— Демир, зуд бош! ӯро ба ҳавлии берун аз шаҳрӣ мепартоем ва баъд хоҳарашро ҳам меорем. Бегоҳ бо роҳҳои пинҳонӣ ба Туркия меравем. Босс бесаброна моро мунтазир аст, махсусан ин духтарро.
Демир ва Гӯнеш ба ҳавлӣ даромаданд ва Имонаро бардошта ба ошёнаи дуюм, ба як ҳуҷраи махсус бурданд. ӯро ба диван хобонда, дарро қуфл карда баромаданд.
— Акнун навбати хурдӣ, — хандид Гӯнеш. — Фикр мекунам, ӯро ҳам бе мушкил дастгир мекунем. Демир, ба тарафи мактаб рон! Тезтар ӯро ҳам бигирем ва ба босс расонем. Дастонамон долларҳои зиёдро хоҳанд дид. Ин дафъа босс барои ин ду духтар пули бештар медиҳад. Дар омади гап, он ду духтари дигаре, ки пештар дуздида будем, низ ҳастанд. Ҳамаашро якҷо мебарем. Ин дафъа "шикор"-и мо зӯр шуд!
Фарҳод ба кор омада, ба ҳуҷрааш даромад. Баъди оғози кор хост аз Имона хабар гирад, вале дари ҳуҷраи ӯ қуфл буд. Ба телефонаш занг зад — хомӯш. "Ин духтар дар куҷо монд? Ҳеҷ гоҳ дер намекард", — гуфта истода буд, ки дар роҳрав Фирдавсро дид.
— Ассалому алайкум, Фирдавс Акбарович! Тинҷӣ аст?
— Ваалайкум ассалом, раҳмат Фарҳод. Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
— Омадам, ки бинам Имона омадааст ё не, вале дараш қуфл аст.
— Чӣ хел? Чаро наомадааст? Охир ӯ аз хона пеш аз ман баромада буд, мошинашро ҳам нагирифтааст. Гуфтам, шояд пиёда омада бошад. Ҳозир занг мезанам.
Фирдавс рақам чид, вале вақте овози "аппарат хомӯш аст"-ро шунид, ба воҳима афтод. Имона ҳеҷ гоҳ телефонашро хомӯш намекард. У духтари бисёр бомасъулият буд. Бехабар ба куҷо рафта метавонад?
Фирдавс ба хавотир афтод. ӯ пайиҳам ба дугонаҳои Имона занг заданро сар кард...
Хадича дар дарс нишаста буд, вале дилаш ноором буд. Дар ҳамин вақт дар так-так шуд ва як духтар нигоҳ карда гуфт: «Мумкин аст Хадичаро як дақиқа бинам?» Омӯзгораш бо ҳайрат пурсид: «Тинҷӣ аст? Чӣ гап шуд?»
— Ҳа, модараш бетоб шудаанд, барои ҳамин ӯро фарёд карданд, мошин фиристоданд, — гуфт он духтар.
— Хадича, рафта хабар гир, — гуфт омӯзгор. Хадича "майлаш" гуфту аз синф баромад, вале пеш аз баромадан ба ҳамаи ҳамсинфонаш як-як нигоҳ кард. Чашмонаш пур аз ашк шуданд. Бо вуҷуди ҳама чиз, ӯ ҳанӯз кӯдак буд. Эҳсос кард, ки имтиҳонҳо сар шуданд. "Эй Аллоҳ, ҳар имтиҳоне, ки медиҳӣ, фақат хайрашро насиб кун", — гӯён дуо кард ва ба берун баромад.
Вақте аз мактаб баромад, ҳамон мошини сиёҳи шинос мунтазираш буд. Ҳамин ки Хадича наздик шуд, дари мошин кушода шуд ва Гӯнеш, ки ороиши рӯяшро дигар карда буд, аз мошин фаромад. Хадича ба ӯ салом дода, пурсид:
— Шумо маро фарёд кардед?
— Ҳа, духтари ширин.
— Шумо кӣ ҳастед?
— Ман ҳамкори падарат ҳастам, бо ҳам кор мекунем. Модарат дар беморхона аст, ногаҳон дилаш хурӯҷ кард. Туро фарёд дорад. Ман тоқат накарда, худам омадам, ки туро барам.
Хадича ба ин зан умуман бовар накард. Вале дилаш ҳис кард, ки агар ҳоло бо хоҳиши худ наравад, онҳо бо зӯрӣ ӯро хоҳанд бурд.
— Майлаш, рафтем, — гуфт Хадича ва ба мошин нишаст. Дар роҳ Хадича дид, ки онҳо ба самти тамоман муқобили клиника рафта истодаанд.
— Шумо маро ба куҷо мебаред? Шумо кӣ ҳастед? Мошинро манъ кунед, ман мефароям! — Хадича хост дарро кушода худро ба берун партояд, вале Гӯнеш рӯймолчаро ба биниаш зер кард. Хадича аз ҳуш рафт.
— Тез бош, Демир, рафтем! Имрӯз бояд ҳатман аз Ӯзбекистон берун шавем.
Демир мошинро бо суръати баланд ронд. Вақте ба ҳавлии берун аз шаҳрӣ расиданд, Демир Хадичаро бардошта ба ҳуҷрае, ки апааш буд, бурд.
Кор тамом шуд ва Гӯнеш барои гирифтани "семинчи ба Фотиҳ занг зад.
— Алло, ҷанобам, хуб ҳастед? Кор буд шуд. Ҳарду "мурғак" дар қафасанд.
Фотиҳ Гӯнешро таъриф мекард ва ӯ аз ин сарфароз мешуд.
— Мебинед босс, коре нест, ки аз дасти ман наояд. Ба ғайр аз ин ду нафар, боз ду духтари дигарро ҳам меорам. Ҳамаашон ҷавон ҳастанд. Аз ҳиссаи онҳо низ ба ман ҷудо мекунед.
— Гӯнеш, ту ҳам бисёр бад шудӣ, ба долларҳои зиёд одат кардӣ, ҳа? Майлаш, ту биё, ҳиссаатро мегирӣ. Чӣ қадаре зиёд кор кунӣ, ҳамон қадар зиёд пул медиҳам, — гуфт Фотиҳ.
— Хуб, пас бегоҳ ба роҳ мебароем. Ман рафта аз ҳоли "мурғакҳо" хабар гирам.
Имона ба ҳуш омад ва чашм кушода ба атроф нигоҳ кард.
— Ман дар куҷоям? Ба ман чӣ шуд? Сарам... сарам сахт дард мекунад.
Имона ба атроф нигоҳ карду Хадичаро, ки дар дивани кунҷе беҳуш мехобид, дида фарёд зад:
— Хадича! Ба ту чӣ шуд? Чашмонатро кушо! — Имона дастҳои Хадичаро молиш дода, гиря мекард. — Илтимос, ба ҳуш биё. Ту чаро ин ҷоӣ? Моро кӣ ба ин ҷо овард? Инҳо кӣ ҳастанд?
Имона рӯи Хадичаро сила мекард: "Хез, хоҳарҷонам". Хадича оҳиста чашм кушод. Пеши чашмонаш хира буд, апаашро базӯр мешинохт. "Ман дар куҷоям?" — гуфта ба атроф нигарист.
— Ба ҳуш омадӣ, азизам? — Имона Хадичаро ба оғӯш гирифт.
— Апа, мо дар куҷоем? Чӣ шуд? Тинҷӣ аст? — пурсид Хадича.
— Намедонам, ҳеҷ чиз нафаҳмидам. Фақат ҳаминро ёд дорам, ки ба як мошини сиёҳ нишастам, — гуфт Имона.
— Ие, апа, барои ман ҳам ҳамин хел шуд. Биёед аз ин ҷо равем, ман метарсам. Очаамро пазмон шудам, — Хадича гиря сар кард.
Имона ба назди тиреза рафт, вале афсӯс, ки тирезаҳо бо панҷараҳои оҳанӣ баста буданд ва гурехтан имкон надошт. Ӯ ба назди дар рафту бо мушту лагад ба дар зад:
— Дарро кушоед! Шумо кистед? Чаро моро ба ин ҷо овардед? — фарёд мезад ӯ.
Дар ҳамин вақт қулфи дар садо дод ва Демир бо Гӯнеш даромаданд.
— Овозатро хомӯш кун! Ба ҳар ҳол дар ин ҷо касе садои туро намешунавад, — гуфт Гӯнеш.
— Ту кӣ ҳастӣ? Чаро моро ба ин ҷо овардӣ? Аз мо чӣ мехоҳӣ? Пул лозим? Ба падарам мегӯям, ҳар чӣ қадар пул хоҳед, медиҳанд, моро ҷавоб диҳед! — гуфт Имона.
Вале Гӯнеш бо масхара хандида гуфт:
— Мехоҳӣ ба ту як сирро кушоям? Гуноҳи шумо ин аст, ки духтарони Фирдавс таваллуд шудаед. Барои гуноҳҳои падаратон шумо ҷавоб медиҳед. Ҳар коре, ки падаратон дар гузашта карда буд, акнун ба сари шумо бармегардад.
— Нафаҳмидам, кадом гузашта? Кадом гуноҳ? Чӣ гапҳо мезани?!
— Акнун боқимондаашро дар Туркия гап мезанем, духтари зебо. Босс туро мунтазир аст. Рафта дили боссро меёбӣ. Ӯ "ғунчаҳои" ношукуфтаро мисли ту бисёр дӯст медорад.
Имона аз шунидани ин суханон карахт шуд. Гӯнеш ба Демир фармон дод: "Тез бош, дастҳояшонро бубанд ва ба мошин савор кун. Он ду нафари дигарро ҳам аз таҳхона барор, вақт рафта истодааст".
Демир дастҳои ҳардуро баста, ба мошин бурд ва баъд ба таҳхона рафт. Вақте ду духтари дигарро аз торикӣ ба рӯшноӣ баровард, чашмонашон хира шуд ва онҳо низ ба гиря даромаданд.
— Илтимос, моро ҷавоб диҳед, амакҷон. Падару модарамонро пазмон шудем, — илтиҷо мекарданд духтарчаҳои бечора. Вале Демир мисли оҳан бераҳм буд ва ба гапи онҳо гӯш надода, онҳоро ҳам ба мошин тела дод.
Идома дорад...
Дӯстони азиз ва ҳамсафони гурӯҳ!
Тавре дидед, воқеаҳо дар қиссаи "САКИНА: УЗВФУРӮШОН" ба авҷи худ расиданд. Имона ва Хадича дар чанголи ҷаллодон афтоданд ва роҳ ба сӯи Туркия оғоз шуд...

Мехоҳам бароятон як хабари муҳимро расонам:
Бинобар сабабҳои техникӣ (тамом шудани маблағи интернет), давоми қисса бо як ками таъхир (дертар) нашр мешавад. Ҳамин ки мушкилии интернет ҳал шуд, ман зуд ба назди шумо бармегардам ва қисмҳои боз ҳам ҳаяҷонбахштарро пешкашатон мекунам!
Аз шумо хоҳиш мекунам:
Ин қисмро ба ёру дӯстонатон равон кунед.
Дар зери ин пост бо коментарияҳои худ маро дастгирӣ кунед.
Сабр кунед, зеро давомаш воқеан даҳшатноку ҷолиб аст!
Ташаккур барои дарки вазъият ва дастгириатон!

Комментарии 13