Аввалин шаби қабр чӣ гуна хоҳад буд? Гоҳе дар ғавғои зиндагӣ он қадар машғули давидан мешавем, ки фаромӯш мекунем рӯзе мерасад, ки бояд ҳама чизро гузошта, биравем. Рӯзе, ки дигар хандаи аҳли хонадонро намешунавем, дигар барои ояндаи дунё нақша намекашем ва дастамон аз молу мансаб ва ҳамаи доштаҳоямон кӯтоҳ мешавад. Лаҳзае фаро мерасад, ки аз оғӯши наздикон ва нигоҳи дӯстон ҷудо шуда, ба марҳилае қадам мегузорем, ки дер ё зуд насиби ҳар яки мост: олами барзах. Аввалин шаби қабр, шаби иқомат дар хонаест, ки на мо масоҳаташро интихоб кардаем ва на нақшаашро. Хонае, ки на бо тилло ва сарват, балки бо имон ва амалҳои мо ё торику танг мешавад, ё васеъ ва пурнур. Худованди мутаъол дар Қуръон мефармояд: ««Ва аз паси онҳо барзахест то рӯзе, ки барангехта мешаванд.» (Сураи Муъминун, ояти 100)» Ин оят паёми бузурге дорад: марг поёни зиндагӣ нест, балки гузар ба марҳилаи дигари ҳаёт аст. Ҳамон гуна ки аз кӯдакӣ ба ҷавонӣ ва аз ҷавонӣ ба пирӣ гузаштем, марг низ танҳо интиқол ба зиндагии дигар аст. Вақте инсон ҷон месупорад, азизонаш тобуташро мебардоранд. Хонавода, дӯстон ва мардум ҷамъ мешаванд. Аммо талхтарин ва воқеитарин лаҳза он аст, ки ҳама бар мегарданд ва инсон танҳо мемонад. Расули Худо ﷺ фармуданд: «Се чиз ҳамроҳи мурда меравад: хонаводааш, молаш ва амалаш. Пас хонавода ва мол бармегарданд ва танҳо амалаш бо ӯ мемонад.» Мо як умр барои молу аҳли хонадон заҳмат мекашем, аммо дар он танҳоии мутлақ танҳо дафтари амалҳои мо ҳамроҳамон хоҳад буд. Дар аҳодиси саҳеҳ омадааст, ки баъди дафн ду фариштаи мукаррам — Накир ва Мункар — назди инсон меоянд. Расули Худо ﷺ фармуданд: «Вақте банда дар қабр гузошта мешавад ва ҳамроҳонаш бар мегарданд, ду фаришта назди ӯ меоянд ва ӯро менишонанд.» Он ҷо дигар на дараҷаи илмӣ, на мақоми иҷтимоӣ ва на фасоҳати сухан фоида намедиҳад. Се саволи асосӣ пурсида мешавад: - Парвардигори ту кист? - Дини ту чист? - Паёмбари ту кист? Оромӣ ва амнияти мӯъмин дар қабр натиҷаи хонаҳои зебо ё сарвати зиёд нест, балки самари имони холис, ёди Аллоҳ, намоз, тавбаи самимӣ ва некӣ ба мардум аст. Худованди мутаъол мефармояд: «Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд, бо сухани устувор дар зиндагии дунё ва охират собитқадам мегардонад.» (Сураи Иброҳим, ояти 27)» Касе, ки дар дунё дилаш бо ёди Худо зинда буд, дар он ҷо низ барои ҷавоби ҳақ муваффақ хоҳад шуд. Барои мисол тасаввур кунед, ки мехоҳед ба кишвари ношиносе барои чанд рӯз сафар кунед. Чӣ қадар омодагӣ мебинед? Чӣ қадар либос, маблағ ва дигар чизҳои лозимаро ҷамъ мекунед? Пас барои сафаре, ки бозгаште надорад ва абадист, чӣ қадар омодагӣ дидаем? Амалҳои солеҳ мисли чароғе ҳастанд, ки роҳи торики он сафарро равшан мекунанд. Намозе, ки бо ихлос хондаед, Қуръоне, ки тиловат кардаед, садақае, ки пинҳонӣ додаед, ва диле, ки шод кардаед — ҳамаи инҳо дар он рӯз ба нафъи шумо хоҳанд буд. Пас, бародарону хоҳарони азиз! Рӯзе мерасад, ки охирин нигоҳатонро ба осмон меандозед, охирин суханро мегӯед ва охирин нафасро мекашед. Аммо имрӯз ҳанӯз фурсат ҳаст: - барои оштӣ кардан ва бахшидан - барои бо ихлос хондани намоз - барои тавба аз хатогиҳо - барои ислоҳ кардани муносибат бо Парвардигор. Қабр барои ҳамаи мо ҳақиқатест ногузир, аммо ҳолати он ба он вобаста аст, ки имрӯз дар зиндагӣ чӣ тухме мекорем. Қабр поёни роҳ нест, он аввалин манзили сафари ҷовидона аст. Хушо ба ҳоли касе, ки пеш аз расидан ба он ҷо чароғи имон ва амалҳои солеҳашро равшан кардааст. Эй Парвардигор! Қабрҳои моро боғе аз боғҳои биҳишт бигардон ва онҳоро чоҳе аз чоҳҳои оташ қарор мадеҳ. Омин, эй Парвардигори ҷаҳониён. АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊
    1 комментарий
    2 класса
    Ассалому алайкум . Духтарчаи хонандаи мо Нигорабону бемор аст.Барояш дуои хайр кунед. Нигораҷони азиз, хабари бемории духтаратон Насринҷон ба мо расид. Аз Худованди Мутаол барояш шифои пӯрра ва тансиҳатии дерина суол мекунем. Илоҳо ин рӯзҳои соатҳои беморӣ зуд гузаранд ва Насринҷон боз сиҳату бедард канори шумо бошад. Хар нафаре мехохад ба Насринчони азиз кумак намояд.мархамат суратхисоб Душанбе Сити Корти бонки 9762000082410357
    12 комментариев
    16 классов
    Марги фоҷиавии як муҳоҷири тоҷик бар асари ҳамлаи дрон дар вилояти Маскав Навруз Содиқов , муҳоҷири 24 солаи тоҷик дар натиҷаи ҳамлаи дрон ба анбори Валберис дар Электростали вилояти Маскав ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд. Гуфта мешавад, ки Навруз Содиқов сокини ноҳияи Ҷайҳун буда, дар ин амбор ҳамроҳи бародараш кор мекардааст. Ҳангоми сар задани ин ҳодисаи нохуш бародараш ҷон ба саломат бурда, Наврӯз, ки чанде пеш оиладор шуда буд, ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ин ҷавони ноком айни замон дар сардхона аст ва рӯзҳои наздик ба ватан интиқол дода мешавад. Ба пайвандони марҳум дар таҳаммули ин фоҷиа сабри ҷамил хоста, дуо мекунем, ки руҳи Наврӯзи ноком шод ва макони охираташ ҷаннати ҷовидон бошад.
    12 комментариев
    10 классов
    ​📢 Ҷустуҷӯи биби ва пайвандони гумшуда. ​Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз ! ​Ман ин номаро бо умеди зинда ва дили пур аз дарди модарам менависам. Модари ман, Раҳмонова Чиёнгул (Ҷиёнгул), имрӯз ба синни 73 даромадаанд. Саросари ҳаёти он кас як қиссаи пур аз ҳиҷрон аст 73 сол боз дили ин модар дар фироқи руйи модари худаш месузад ва орзу дорад, ки пеш аз марг лоақал як бор решаву авлод, тағоҳо ё холаҳояшро бишносад ва ҳақиқати гузаштаашро бидонад. ​Таърихи ин ҷудоӣ чунин аст: ​Дар солҳои 1952-1954, падари модарам (Собиров Раҳмон, ки он вақт дар нонвойхонаи Мӯъминобод кор мекард) зани худро аз шаҳр ё тобеи марказ ба ноҳияи Мӯъминобод ва Дашти Ҷум (Шамсиддин Шоҳини имрӯза) мебарад. Дар ҳамин асно модарам Чиёнгул таваллуд мешавад. Аммо дар роҳ бобоям як шаб дар кӯҳ танҳо монда, дучори фалаҷ (паралич) мегардад. ​Баъд аз ин фоҷиа вазъияти оила ва муносибати хешовандон хеле вазнин мешавад. Бибиам тифли хурдсол (модарам)-ро дар хонаи ақрабои шавҳараш монда, аз Мӯъминобод баромада меравад ва дигар даракаш намешавад. Модарамро бибии падариаш ва амакҳояш (Табаров Сулаймон ва Усмонов Аброр) калон мекунанд. Солиёни баъд онҳо ба ноҳияи Московский (Ҳамадонии имрӯза) муҳоҷир мешаванд. Аз тарсу шарм ё бесаводӣ дар даври Шӯравӣ ҳеҷ чизро напурсидаанд ва ин сирр пинҳон мондааст. ​Хушбахтона, мо нишонаи расмӣ пайдо кардем! ​Рӯзҳои охир аз архивҳои давлатӣ варақаи расмии барқарорсозии синну соли бибиамро пайдо намудем, ки маҳз ҳамон шахси мавриди ҷустуҷӯст: ​Ному насаб: Насрединова Оимгул (Оимгуль) ​Таърихи таваллуд: 10 апрели соли 1930 ​Ҷойи таваллуд: Деҳаи Ҷалчит , ноҳияи Орджоникидзеабад (шаҳри Ваҳдати имрӯза). ​Номи падари бибиам (бобокалонамон): Бобоев Насриддин ​Номи модари бибиам (бибикалонамон): Насридинова Майсара ​Қайди охирин: Соли 1964 дар Бюрои ЗАГС-и ноҳияи Ҳисор синну солашро барқарор кардааст (Китоби 5, саҳифаи 129, рақами сабт 1329). ​Баъзе аз пиронсолони деҳа мегуфтанд, ки асли ин зан аз мардуми Вахёӣ ё Дарозӣ аст. Бисёре аз мардуми Вахё он солҳо ба Ваҳдату Рӯдакӣ ё Ҳисор кӯчида буданд. Ҳатто як вақт дар беморхонаи Душанбе як муаллим аз ноҳияи Рӯдакӣ (Ленинскийи собиқ) ба амаки модарам гуфта будааст, ки Мо бо оилаи Оимгул ҳамдеҳа ҳастем, вале он вақт аз рӯи қаҳру адоват суроғаро дарронда буданд. ​Агар шумо дар шаҳри Ваҳдат (махсусан деҳаи Ҷалчит ), ноҳияи Ҳисор ё ноҳияи Рӯдакӣ аз авлоди Бобоев Насриддин ва Насридинова Майсара касеро медонед, ё бароятон шинос аст, хоҳиш мекунем ба мо хабар диҳед. Шояд тағаҳо, холаҳо ё холазодаҳои модарам ин матнро хонанд. ​Мо ҳеҷ даъвое надорем, танҳо мехоҳем дили як модари 73-соларо, ки тамоми умр дар ҳасрати пайвандони модариаш гиристааст, ором кунем ва бидонем, ки киву аз куҷо ҳастем. ​Лутфан, ин матнро ба хотири як модари интизор ба дигарон расонед . Бо эхтиром хонандаи доимии Шумо
    2 комментария
    27 классов
    Гулбахор Рахмонова БА ҶОЙИ МАН ЗИНДАГӢ КУН... Имшаб, мисли шаби гузашта, моҳи пурра ҷаҳонро равшан карда буд. Шабодаи форам мевазид ва бӯи баҳорро ба димоғ мерасонд. Кӯча холӣ ва ором буд. Ӯ ҳамроҳи ду фарзанду шавҳараш аз боғи фароғатӣ баромада, сӯи хона мерафт, ки ногаҳон чашмонаш сиёҳӣ заду ба замин афтод... Дар беморхона пас аз муоина ва таҳлилҳо духтур гуфт: – Шумо бемории cаратон доред... Бо шунидани ин сухан аз ҳаяҷони зиёд тамоми вуҷудаш ларзид. Ранги рӯяш парид. Лаҳзае хомӯш монд, гӯё замин аз зери пояш рафта бошад. Баъд бо илтиҷо гуфт: – Илтимос, ба шавҳарам нагӯед... Гӯед, ки танҳо камхунӣ дорам, - духтур хомӯшона сар ҷунбонд. Ба хона баргаштанд. Бо ҳазор фикру хаёл рӯзро бегоҳ кард. Аз хабари шунидааш ба худ намеомад... Рӯзҳо мегузаштанд. Ранги рӯяш рӯз ба рӯз пажмурда мешуд. Аммо дардашро ба касе намегуфт. Фақат мехост лаҳзаҳои боқимондаи умрашро бо фарзандонаш гузаронад. Ҳар боре ба онҳо менигарист, дилаш реш-реш мешуд. Буғз гулӯяшро фишор медод. Ӯ чун анори фишурда шуда буд. Беморӣ ба вай қиммат афтод. Осудаҳолӣ ва бурдборияшро барҳам зад. Ташвишҳои зиндагӣ ба ӯ чандон таъсир намерасонданд. Зарбаҳои зиндагиро беғамонаю бебокона, хандида пешвоз мегирифт. Вай зане буд, хушсалиқа соҳиби тамкину виқор, ситорагарм. Чашмони калон калони сиёҳ, гардани баланди зебо ва сафед дошт. Аммо акнун беморӣ гӯё мисли заҳрпечак тамоми вуҷудашро печонида буд. Бо вуҷуди ин, дар назди шавҳараш ҳамеша худро хушҳол нишон медод. Механдид, хӯрок мепухт, сӯҳбат мекард гӯё ҳамааш хуб бошад. Вақте субҳ шавҳарашро ба кор мефиристод рӯз то бегоҳ хастаҷону беҳавсала кунҷи хона менишаст. Аз марг наметарсид. Аз он метарсид, ки фарзандонаш бемодар мемонанд... Фақат дар ҳамин бора меандешид. Тоқати дурӣ аз ҷигарбандонашро надошт. Ҳар лаҳзаю ҳар соат ба фарзандону шавҳараш меандешид. Бегоҳ, ки шавҳараш аз кор меомад бо ҳамон хандаю табассуми ҳамешагияш пешвозаш мегирифт. Хӯрок омода мекард. Бо ҳам мехӯрданд мегуфтанду механдиданд. Ӯ мисли гули ханҷарӣ ҳама вақт сарсабзу сариҳол худро нишон медод, шавҳараш пай намебурд, ки дар вуҷуди ӯ беморӣ рӯз то рӯз реша давонида, бемадору хастаҷонаш месозад. Ӯ барои зиндагӣ кардан фурсати кам дошт. Ба шавҳараш гуфт, ки модараш бемор асту барои нигоҳубини ӯ ба деҳа меравад... Вақте ба деҳа расид, падару модараш ӯро бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд. Аммо модар бо як нигоҳ тағйирёбии ҳоли духтарашро ҳис кард. – Чӣ шуд, духтарам? Ранги рӯят чаро ин қадар зард аст? – бо нигаронӣ пурсид ӯ. Духтар табассум кард, чашмонаш пур аз ашк шуд: – Ҳеҷ чиз не, очаҷон, дар роҳ каме хаста шудам... Падар ҳам ҳолати ҷигарбандашро дигаргун дид. Дилаш чизеро ҳис кард. Вақте аз духтараш ҳақиқати ҳолро шунид ранги рӯяш сап-сафед шуд, нафасаш дар синааш дармонд. Дастонаш ба ларза даромаданд, поҳояш бемадор гаштанд, қоматаш хам, дунёяш торик, зиндагияш бенур шуд. Модар бошад фарёд кашид: – Ин хел нагӯ, духтарам! Духтурҳо дурӯғ мегӯянд, - модар худро ба оғӯши ӯ партофт. Ашкаш беист мерехт. Дилаш тез-тез метапид. Фишори хунаш баланд шуд. Фазои хона буғранҷ гашт. Он ҷо дард ҳукумат меронд. Ҳар се сукут карданд, аммо дили ҳар кадоме фарёд мезад... Ӯ хоҳаре дугоник дошт. Онҳо мисли себи дукафон шабеҳи ҳам буданд. Байнашон фарқгузоштан мушкил буд.Падар хоҳари ӯро аз хона ронда буд. Барои номусашро доғдор кардан ӯро бахшида наметавонист. Вай ба умед ба деҳа омада буд, ки падарашро бо хоҳараш оштӣ диҳад. Хоҳаре, ки пеш аз шавҳар кардани ӯ аз хонаашон рафта буду аз дидори ҳамдигар маҳрум гашта, пазмон ҳам буданд. Аз падар илтиҷо кард, ки аз гуноҳи хоҳараш бигзарад, ӯро ба хона баргардонад. Ба кӯмаки ӯ эҳтиёҷ дорад. Падар ноилоҷ монд, Зӯҳроро ба хотири Фотима бахшид. Вайро ба хона овард. Ҷудоӣ, дард, пушаймонӣ гӯиё дар як лаҳза ба анҷом расид. Хоҳарон ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ рехтанд ва баъди солҳои ҷудоӣ якдигарро раҳо кардан намехостанд... Фотима қиссаи зиндагию бемории худро ба Зӯҳро нақл кард. Гуфт, ки то марг фосилае каме дорад. Хоҳиши ягонааш ин аст, ки пас аз марг ба хонаи ӯ рафта ба фарзандонаш модарӣ намояд: - Ту ба ҷойи ман модари фарзандонам шав. Шавҳару фарзандонам туро ҳеч гоҳ надидаанд. Намешиносанд. Мо мисли як себи дукафон ба ҳам монанд ҳастем, онҳо туро чун ман қабул мекунанд. Фотима номи фарзандонаш, чиро дӯст медоранду чиро не, чӣ хислате доранд ва дар бораи ҳамсараш низ ҳама чизро гуфт. Дар охир бо чашмони ғарқи ашк илова сохт: - Туро ба Худо месупораму фарзандонамро ба ту. Аз онҳо хуб муроқибат кун, модари ҳақиқиашон шав!.. Пас аз марги Фотима Зуҳро чанд рӯз ба худ наомад. Суханҳои апааш ҳамеша дар гушаш садо медод. Ӯ масъулияти бузургеро ба дӯши ӯ бор карда буд. Чӣ кор карданашро намедонист. Пас аз фикри зиёд либосҳои апаашро ба бар намуд. Худро Фотима кард. Ба шавҳараш занг зад, ки имрӯз ба хона бармегардад. Ба хона рафт: – Очаҷон! – гӯён фарзандонаш худро ба оғӯши вай андохтанд. Дилаш ларзид. Як лаҳза хомӯш монд, баъд онҳоро сахт ба оғӯш гирифт. Аз ҳамон рӯз ӯ зиндагии навро оғоз кард. Бо масъулияту муҳаббат. Ба дил аҳд намуд, ки як умр аз амонатҳои апааш муҳофизат мекунад. Рӯз ба рӯз ба онҳо меҳр пайдо кард. Дӯсташон дошт. Субҳ барвақт хеста субҳона омода мекарду фарзандонашро ба боғчаю шавҳарро ба кор гусел мекард. Кӯдакон хурсанд буданд. Мард ҳис менамуд, ки дар рафтору гуфтори ҳамсараш тағйироте рух додааст. Ҳатто шубҳа мекард, ки ӯ ҳамсараш нест. Ниҳоят шубҳаашро изҳор кард: -Ту Фотимаи ман нестӣ. Ман ӯро хуб мешиносам. Зоҳиран ба ҳамсарам монандӣ, аммо бӯйи ӯро намедиҳӣ. Зуҳро хомӯш монд. Дилш бо шиддат метапид. Нигоҳи мард чунон амиқ буд, ки дигар пинҳон кардани роз маъное надошт. – Ман… – овозаш ларзид. – Ман мехостам ҳақиқатро гӯям, аммо тарсидам ки кӯдакон ғамгин мешаванду аз ғусса бемор мегарданд… Мард як қадам ба пеш гузошт. Чеҳрааш дигар шуд. Чашмонаш сурх шуданд, нафасаш вазнин гашт. – Фотима куҷост? – бо овози паст, вале бурро пурсид ӯ. Зуҳро дигар тоқат накард. Ашкҳояш сарозер шуданд. Дастонашро ба рӯяш бурд, гӯё мехост аз ин ҳақиқат пинҳон шавад. – Ӯ дигар нест… Мард якбора ба девор такя зад. Лабонаш ларзиданд, аммо садо набаровад. Баъд оҳиста пичиррос зад: – Не… ин мумкин нест. Ҳеч имкон надорад охир ӯ хубу сариҳол менамуд. Вай сар ба поён хам кард. Дастонаш ба мушт табдил ёфтанд. Як қатра ашк аз гӯшаи чашмаш лағжид шояд аввалин бор буд, ки ӯ ин тавр мешикаст. – Чаро… чаро ба ман нагуфт? – бо дард гуфт ӯ. – Ман ҳақ надоштам бидонам? Зуҳро ба ӯ наздик шуд: - Фотима бемории саратон дошт. Ӯ намехост шуморо ғамгин кунад, то нафаси охир ба шумо фикр мекард. Аз ман хоҳиш намуд, ки ба ҷояш бошам то фарзандонаш бемодар буданашонро ҳис накунанду танҳо намонанд. Сукут ҳама ҷоро фаро гирифт. Мард ба утоқе, ки фарзандон хоб буданд, нигарист. Онҳо орому осуда, бехабар аз гапу кори дунё мехобиданд. – Онҳо чизе медонанд? – пурсид ӯ. – Не… – ҷавоб дод Зуҳро. Мард чуқур нафас кашид. Баъд оҳиста гуфт: – Фотима фаришта буд. Меҳрубонтарину хушқалбтарин зани дӯнё буд. Беморияшро аз ман пинҳон дошт. Ҳама вақт худро саломат нишон медод. Ман ҳатто пай набурдам. Ба хотире, ки ману бачаҳо ғамгин нашавем ӯ ин қадар дарди вазнинро бо худ мегардондаасту мо бехабар. Оҳ , Фотимаам. Чаро ин корро бо ман кардӣ? Нагузошти ақалан барои охирин бор бубинамат. Чаро? Чаро??? Сардиеро дар дилаш ҳис кард. Аз ҳар кунҷӣ хона хотира меҷуст. Чеҳраи зебою табассуми латифаш аз назараш дур намегашт. Девонавор дилтангаш гашта буд... Ӯ ба Зуҳро нигарист: – Ту меравӣ? Зуҳро лаҳзае хомӯш монд: – Агар хоҳӣ, меравам… Мард сар ҷунбонд. – Не, нарав, агар ту равӣ… онҳо боз як бори дигар модарашонро аз даст медиҳанд ту метавонӣ муҳаббати ӯро идома диҳӣ. Ашк дар чашмони Зуҳро ҳалқа зад. Онҳо бо ҳамдигар издивоҷ карданд. Пас аз издивоҷ дастагулеро гирифта сари қабри Фотима рафтанд... Гулбаҳор РАҲМОНОВА
    1 комментарий
    16 классов
    Дуои модар Муаллиф Шахлои Начмиддин Осима хола бо дили ранчуру шикаста аз хавлии писараш баромаду тез тез кадам монда ба суйи хонаи чиянаш рахсипор шуд.Зери лаб гирен мегуфт ;ох чони оча ,вакте хурд буди маро ба огуш кашида мегуфти ки калон шавам,бароят тамоми дунеро мехарам очачон.Намегузорам ,ки касе туро озор дихад.Аммо бачачон имруз ту бо занат маро сахт ранчонди ,ман бисер зик шудам. Осима хола кудакихои ягона писарашро пеши ру овард ;писараш хануз 3 сола буд,ки шавхараш субхи солехон ба кор рафту дар рохи мошингарди пеши хона ба садама дучор шуда вафот кард. У ба хотири Маьруф дигар ба шавхар набаромад ,харчанд хостгорон аз муйи сараш зиед буданд.Осима хола суханони дар кудакиву навраси гуфтаи писари ягонаашро пеши ру оварда боз хам бо алам гирист. Шаб вакте писараш аз кор омад ,пичир пичири уро бо келинаш шунида дигар хоб аз чашмонаш парид .Келин ба писараш мегуфт ;мардак ин очетон бутун аклаша дар пири гум кардааст.Худ ба худ гап мезанад,писаронамро дод мезанад.Хуроки гармро ба онхо медихад.Аз гиряву додгуйиаш дигар асабхоям вайрон.Биеед уро ба воситаи шиносам ба хонаи пиронсолон барем.Хар хафта хурокхои бомазза пухта хабараш мегирем.Он чо мисли у кампиракон зиед аст. Зик намешавад.Хам тахти назорати табибон карор мегирад.Нафакаашро худамон мегирем.Картаи бонкиашро гиред.Бовар кунед депрессия шудам. Ин лахза кош гушхои Осима хола кар мешуданд.Охир ин зани маккор келини интихобкардаи худаш буд.Дар вакташ писараш дигареро мехост ,аммо модар духтари сагера аст ,маро парастори мекунад гуен аз дехоти дур духтари як аммаи рахмати шавхарашро келин карда буд. Ин духтар дере нагузашта дили шавхарро бо нозу карашма ефту акнун мехост модари уро аз дар берун кунад. Маьруф ба чойи он ки у модарам аст,даматро гир гуяд ,барьакс охиста гуфт;субх бо очаам маслихат мекунам.Мегуям он чо бо дигар кампиракон чак.чак карда мешини,зик намешави. Осима хола ин суханони чигарбандашро шунида хеле дилозурда шуд.Охир фарзанд гуфта дигар ба шавхар набаромад ,ин иштибохи бузурге будааст.Чи кадар одамони хуб баромада буданд ,вале у факат писарам зик мешавад гуфту акнун писараш калон шуда уро аз хонаи шахсиаш аз дар берун карданист. ...Ох Парвизи гурамарг ту рафтиву хушихои ман рафт.Осима ва Парвиз бо мухаббати хакики хонадор шуда буданд.Вале умр вафо накарду айни хушихояш шавхарашро ба доми ачал кашид. Осима хола гириста гириста дар як хараки рох нишаст.Аз гушнаги рох гашта наметавонист.Келинаш рузона ба у хурок намедод,хушаш намеомад ки хатто барои писаронаш хуоок пазад.Осима холв худаш ягон хурок пухтани шавад ,дод зада мегуфт ,ки хола ман ошхонаро топ тоза шуста мондаам ,чиркин накунед.Кудаконба ролтон таер кунед ,худатон хам ролтон хуред.Ба саломати хуроки равганин зарар дорад. Осима хола хап.мекарду ба наберахояш ролтон таер мекард.Худаш бошад.чунин ролтонро хурда наметавонист.Меьдааш дард мекард. Келинаш блогери мекард дар сахифахои мачози.Факат хонахояшро тамиз карда худро барои бинандахои пушти экран зани тозакору модари мехрубон муаррифи менамуд. Осима хола ба рафтори у нигариста гиребон мегирифт ,актрисаи тапа таер.Шавхараш ягон бор чангаш намекард.Осима хола ба дил мегуфт ;чи замони баде расида ,арзишхои оилавиро телефону интернет гирифтааст. Аруси хонадон рузи дароз бо либосхои фасону бо нозу карашма пеши дигар мардум худро нишон медихад ,шавхар бошад латтакухна шудаги. Осима хола зери лаб гап мезаду бо гиря аламашро мебаровард. ...Ба.инхо корти бонкии нафакагирии ман даркор будааст.Ин суханони онхо маро бе корд кушт.Ох писарам.... Кош кудак мемонди,хамон хел сода ,самими ва ширинзабону мехрубон.Безуда мардум намегуфтаанд ,ки мард моли зан аст.Кош дар чавони ба шавхар баромада сохиби як духтарча мешудам,кош... Осима хола аз чой бархесту охиста охиста ба истгохи тролейбусс омад ва ба тролейбас нишаста ба суйи махаллаи Гулбутта хонаи чиянаш рафт.Чиянаш зани нихоят хоксору мехрубон уро пешвоз гирифта зуд дастархон орост.Холачон шумо буйи очаам мекунед гуен Осимаро холаро ба огуш кашида ба еди рахмати очааш ки аз дарди саратон вафот карда буд ,гирист. Осима хола дар бисоташ як апа дошт.У хам вафот кард. У се руз хонаи чиянаш истод,аммо писараш хатто сурогаш накард.Рузи чорум бо хамсараш омада бо чангу чанчол корти нафакапулиашрр аз дасташ гирифтанду гуфтанд ки агар хохи ин чо исто. Чиянаш бо Маьруф бахс карда гуфт ,ки у холаи ман аст ва бо ман меистад. Маъруф бо қаҳру ғазаб ба рӯйи чияни модараш дод зада, дасти зани маккорашро гирифту аз хона баромад. Онҳо ҳатто ба рӯйи Осима хола, ки бо чашмони пур аз ашк ба лаби остона такя карда буд, нигоҳ накарданд. Барои онҳо муҳим гирифтани корти бонкии нафақаи кампир буд, ки ба мақсади худ расиданд. У дарк кард, ки дигар барои писари ягонааш вуҷуд надорад ва тамоми он орзуву ҳавасҳои замони кӯдакии Маъруф, ки мегуфт барои очаам дунёро мехарам, дар зери пойҳои келини блогер хок шудаанд. ​Чиянаш Мавлуда Осима холаро оҳиста ба оғӯш кашид ва сарашро ба синааш зер кард. У холаи худро тасалло дода, мегуфт, ки дигар зиқ нашавад ва ин хонаи худи уст. Осима хола дар ин меҳрубонии чиянаш кандани ҷони худро эҳсос мекард. Шабҳо то саҳар ба ёди шавҳари ҷавонмаргаш Парвиз гиря мекард ва аз Худо илтиҷо менамуд, ки ӯро тезтар ба наздаш барад, зеро бори гарони беқадрии фарзанд қадди ӯро комилан хамида карда буд. ​Аз байн чанд моҳ гузашт. Маъруф умуман ба суроғи модар наомад, гӯё Осима хола ҳеҷ гоҳ дар ин дунё набуд. Келинаш бошад, дар саҳифаҳои маҷозии худ наворҳои нав ба нав мегузошт ва нишон медод, ки чӣ гуна зани хушбахту хонаводаи ором дорад. Аммо оҳи дили модари ранҷур беасар намонд. Рӯзе аз рӯзҳо Маъруф дар роҳи кор ба садамаи вазнин дучор шуд. Мошинаш комилан хароб гашт ва худаш бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона афтод. ​Вақте ки Маъруф ба ҳуш омад ва табибон гуфтанд, ки у дигар шояд пойҳояТ ҳис накунанд ва маъюб мемонад, зани блогераш ҳамагӣ ду рӯз дар наздаш истоду халос. Рӯзи сеюм у тамоми тилловориҳо ва пулҳои хонаро гирифта, Маъруфро партофта, бо писаронаш ба хонаи модараш рафт. Зане, ки рӯзе худро фариштаи тозакор нишон медод, шавҳари маъюбашро дар нимроҳи зиндагӣ танҳо гузошт. ​Маруфи пушаймону зор, ки акнун ба қадри модари меҳрубон ва дуоҳои ӯ расида буд, бо чашмони гирён ба чиянаш занг зад ва хоҳиш кард, ки модарашро ба наздаш биёрад. Осима хола ин хабарро шунида, бо вуҷуди тамоми озору ранҷҳое, ки дида буд, тоқати шунидани дарди фарзандро накард ва давон-давон ба беморхона омад. ​Вақте модар ба палата даромад, Маъруф худро ба оғӯши модар партофт ва мисли ҳамон кӯдаки сесолазор-зор гирист. Маьруф модарро бӯса карда, бахшиш мепурсид. Осима хола сари писарашро сила мекард ва ашкҳои худро бо гӯшаи рӯймолаш пок намуда, зери лаб мегуфт, ки хоки олам ба сари ин дунёи дурӯя, ки фарзандонро ин қадар кӯру бераҳм мекунад, аммо дили модар ҳеҷ гоҳ аз фарзанд намемонад. Рӯзҳо ба ҳамин минвол мегузаштанд ва Осима хола тамоми азоби рӯзгорро ба танҳоӣ ба дӯш мекашид. У ҳар субҳ бо аробачаи маъюбӣ писарашро ба ҳавлии хона мебаровард, то ҳавои тоза гирад. Корти бонкии нафақааш, ки рӯзе бо ҷангу ҷанҷол аз дасташ гирифта буданд, акнун дубора дар дасти худаш буд ва у ин пулро танҳо барои дорувории Маъруф сарф мекард. Маъруф ба чеҳраи хастаи модараш нигоҳ карда, дарк менамуд, ки дар ин дунёи дурӯя ягона касе, ки умуман хиёнат намекунад ва дар сахтиҳо канорат мемонад, танҳо модар будааст. Модар ягона мавҷудест, ки метавонад ба ҷойи ҳама кас бошад, аммо ҳеҷ кас дар ин дунё наметавонад ҷойи ӯро бигирад. ​Зиндагӣ ба мо нишон медиҳад, ки ишқи фарзанд ва модар мисли як ресмони ноаён аст, ки ҳатто дар сахттарин тӯфонҳои рӯзгор ва бузургтарин хатогиҳо ҳам канда намешавад. Модар касест, ки дар вақти хушбахтӣ бо мо механдад, вале дар вақти парешониву танҳоӣ, ягона касест, ки дар канори мо мемонад. ​Дуои модар –сипари канорнашавандаи ҳаёти фарзанд аст, ки ӯро аз тамоми балоҳо ва бадбахтиҳои замон ҳифз менамояд.​Меҳри модар мисли офтоб аст, ки барои ҳама як хел медурахшад, вале гармии онро танҳо фарзанде эҳсос мекунад, ки қадри ин гавҳари гаронбаҳоро медонад. Хушбахт он фарзандест, ки пеш аз он ки дер шавад, ба қадри ин фариштаи рӯйи замин мерасад. Боки ,саломат бошед. Муаллиф Шахлои Начмиддин
    1 комментарий
    18 классов
    Бетараф набошед. Номаи як модар Ассалому алайкум Хоҳарону Бародарони мусалмон. Ман як Модари танҳо😥Фарзандам 5 сол дар Россия дар маҳбас буд, шукри Аллоҳ аз маҳбас озод шуду лекин бемор шуд. Мани Модари ҷигарсухта барои табобати фарзандам 10 ҳазор сомонӣ бо прасент қарз карда равонаш кардам, ки худашро табобат кунад гуфтам. Аммо худам намедонам, ки ин қарзи балоро чихел канда кунам. Шавҳарам барвақт аз дунё гузаштагӣ. Писарамро аз 5 солагиаш бепадар калонаш кардам😭😭😭Илтимос ёрию кумакам кунед, ки қарзамро канда кунам😭 Ҳоло худам мондааму як дунё қарзи вазнин ва фишори қарздиҳандагон. Намедонам ин қарзи балоро, ки ҳар рӯз хобамро ҳаром ва рӯзамро сиёҳ кардааст, чӣ гуна супорам. На даромаде дорам ва на пуштибоне, танҳо чашми гирёнам мондааст.😭😭😭 Ҳар як сомонии шумо метавонад гиреҳеро аз кори ман кушояд ва маро аз ин вартаи қарз наҷот диҳад. Паёмбар (с) фармудаанд: "Ҳар касе гиреҳе аз гиреҳҳои бародари муъминашро дар дунё кушояд, Аллоҳ гиреҳе аз гиреҳҳои ӯро дар охират мекушояд".🙏Аллоҳ аз ҳаммаи Шумо розӣ бошад. Бо илтимосу зорӣ Модари танҳои қарздори чашминтизор. Рақамҳои телефонам +992 907 80 25 44. Картаи Спитамен бонк дар ҳамин рақамҳо пайваст аст. 😥😭Суратҳисоб барои кӯмак (Спитамен Бонк): ​Телефони пайваст ба карта: +992 907 80 25 44 ​Барои тамос ва алоқа: +992 907 80 25 44 (Метавонед занг занед ва аз ҳолам бохабар шавед) ​Аз Аллоҳи Меҳрубон дуо мекунам, ки ҳеҷ як модарро ба дарди фарзанд ва хории қарздорӣ гирифтор накунад. Садақаву кӯмаки шуморо Аллоҳ дар номаи аъмолатон ҳамчун нур сабт кунад. Саломату сарбаланд бошед!
    1 комментарий
    19 классов
    Насими Кориишкамба Қисми 6 анчом ​Муаллиф: Шаҳлои Наҷмиддин ​Пас аз тӯй зиндагии Насим ва Нигора дар як маҷрои орому сахт пеш мерафт. Насим соатҳои дароз дар идора кор мекарду Нигора ҳам ҳамагӣ як тинро беҳуда сарф намекард. Онҳо тамоми пасандози худро, ки бо сад азоб аз даҳони худу падару модарашон бурида буданд, дар даруни ҳамон ҳамёни чармини калон нигоҳ медоштанд. Насим ин ҳамёнро шабҳо зери болинаш мегузошт ва танҳо ҳамин тавр хобаш мебурд. ​Рӯзҳои гарми тирмоҳ буд. Насим барои он ки пули барқ зиёд наояд, иҷозат намедод, ки шабҳо вентилятори кӯҳнаро рӯшан кунанд. Барои ҳамин, онҳо тирезаи хонаи хобашонро, ки ба тарафи кӯча нигоҳ мекард, кушода мемонданд. ​Ҳамон шаб Насим ниҳоят хаста буд. Корҳои идора ва ҳисобу китоби зиёд ӯро чунон беҳол карда буданд, ки сар ба болин нагузошта, зери хоби вазнин рафт. ​Тақрибан соатҳои сеи шаб, вақте ки дар кӯчаҳо касе наменамуд, ду сояи сиёҳ оҳиста аз девори ҳавлӣ гузаштанд. Дуздҳо, ки аз зихнагиву пулҷамъкуниҳои Насим бохабар буданд, оҳиста ба назди тирезаи кушода омаданд. Яке аз онҳо бо чарбдастӣ аз тиреза даромад. ​Хона чунон торик буд, ки ҳеҷ чиз наменамуд. Дузд оҳиста ба назди кати Насим омад. Ӯ дасташро хеле бодиққат зери болини Насим бурд. Насим, ки аз хастагӣ беҳуш барин хоб буд, танҳо як паҳлӯ гашту халос. Дузд ҳамёни чармини вазнинро, ки дарунаш пури пулҳои коғазии садсомониву дусадсомонӣ буд, оҳиста берун кашид ва ҳамроҳи рафиқаш дар торикии шаб ғайб зад. ​Субҳи барвақт, вақте ки нурҳои офтоб ба рӯйи Насим афтиданд, ӯ мувофиқи одат дасташро зери болинаш бурд. Аммо дасташ ба чизи холӣ бархӯрд. Ӯ якбора такон хӯрда, чашмонашро кушод. Болинашро бардошт ҳамён набуд.Гирду атрофро кофт, зери катро дид ҳамён ба назар намерасид. ​Ранги рӯйи Насим якбора канд ва нафасаш дар гулӯяш печ хӯрд. Вай бо тамоми овоз дод зад: — Нигора,хез аз хобат.Хамёнам куҷо шуд? Пулҳоям куҷоянд? ​Нигора аз хоби ширин якбора парида хест. Вақте дид, ки тиреза пурра кушода асту дар болои тиреза изи лойи пойафзол мондааст, даст ба гиребон бурда, ба гиря даромад: — Вой Насимҷон.Моро ғорат карданд.Дузд даромадааст. ​Аз ин доду фиғон падару модари пири Насим ҳам давида ба хонаи онҳо даромаданд. Насим дар рӯи фарш нишаста, мисли кӯдакони хурдсол гиря мекард ва сарашро ба девор мезад: — Вой пулҳоям. Даҳ соли ҳаётам рафт Нон нахӯрдам, либоси нав напӯшидам, ба касе як тин хайр накардам, ки ҳамин рӯзро бинам? Худоё, чаро маро ба ин рӯз расондӣ? ​Модари Насим, ки дилаш ба ҳоли писараш месӯхт, ба наздаш омада, сарашро ба оғӯш кашид: — Бачам, зиқ нашав, саломатиат муҳим аст. Садқаи сарат шавад ҳамон пулҳо. Худо хоҳад, боз кор мекунӣ, меёбӣ. ​Аммо Насимро ҳеҷ чиз ором карда наметавонист. Барои ӯ гум шудани он пулҳо баробари гум шудани ҷонаш буд. ​Падари Насим, ки марди дунёдида ва босабр буд, ба писару келинаш нигоҳ карда, оҳи сард кашид. Ӯ ба назди Насим омад ва бо овози ҳазин гуфт: — Насимҷон, бачам. Ман ба ту борҳо гуфта будам, ки пул барои одам аст, на одам барои пул. Ту барои як сомонӣ шуда ҳам худатро азоб додӣ ва ҳам моро. Нони хушк хӯрдӣ, равғану гӯштро ба худат раво надидӣ. Оқибат чи шуд? Он пулҳое, ки бо сад хориву зихнагӣ ҷамъ карда будӣ, ба як дузди муфтхӯр насиб шуд. Моли хасисро ҳаромхӯр мехӯрад, бачам. Ин як дарси талхи зиндагӣ аст барои ту. Акнун ақлатонро ба ҷояш оред ва мисли одам зиндагӣ кунед. ​Насим ба гапҳои падар гӯш медод, вале ашкҳои рӯяш хушк намешуданд. Нигора бошад, дар кунҷи хона нишаста, рӯймолчаашро мегазид ва дар бораи он меандешид, ки ба полис ариза нависанд. ​Пас аз он шаб, Насим қариб як ҳафта аз хона берун нашуд. Хӯрок намехӯрд, бо касе гап намезад ва танҳо ба шифти хона нигоҳ карда, оҳ мекашид. Ҳар бор, ки модараш барояш пиёлаи чойро меовард, Насим бо алам мегуфт: — Очаҷон, даруни ин чой қанд наандозед, қанд қиммат аст. Охир мо акнун камбағал шудем. ​Нигора бошад, ҳарчанд худаш ҳам дарун ба дарун месӯхт,вале худро бепарво нишон медод. У рӯзи ҳаштум ба назди шавҳараш омад, китфони ӯро такон дод ва бо овози ҷиддӣ гуфт: — Насимҷон, бас аст хоб рафтан.Аз гиряву нола ҳамёни мо дубора пур намешавад. Мо бо каллаи солим ва дипломи муҳосибии ту метавонем ҳама чизро аз нав сар кунем. Вале ин дафъа бояд роҳи дигари зиндагиро интихоб кунем. ​Суханҳои падар ва ин мусибати ногаҳонӣ дар ҳақиқат Насимро ба андеша вазифадор карданд. Ӯ дарк кард, ки солҳои беҳтарини ҷавониашро барои ҷамъ кардани коғазҳои беҷон сарф кардааст, вале дар як сония ҳамааш аз даст рафт. На хотираи хубе дошт, на лаззати зиндагиро чашида буд ва на ягон кас аз ӯ розиву хушнуд буд. ​Рӯзи дигар Насим аз ҷой хест, сару рӯяшро шуст ва либоси тозаашро пӯшид. Ӯ ба назди падару модараш омад, дастҳояшонро бӯсид ва гуфт: — Отаҷон, очаҷон, маро бубахшед. Ман бисёр хато кардам. Аз ин пас ман дигар он Насими пештара нестам. ​Насим бори аввал аз пули маоши наваш, ки ҳамон рӯзҳо гирифта буд, рафта аз бозор як кило гӯшти хуби гӯсфанд, меваҷот ва нони гарми танӯрӣ харида ба хона овард. Модараш бо дидани ин саховатмандии писараш аз шодӣ ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва дарҳол деги калонеро ба оташ монд. ​Он бегоҳ дар хонадони онҳо бӯйи кабобу шӯрбои ҳақиқии сергӯшт дамид. Ҳама ба сари дастурхон нишастанд. Падари Насим бо ҳавас луқмаеро ба даҳон бурда, гуфт: — Оҳ, бачам, барака ёб.Мана инро зиндагӣ мегӯянд. Хӯрдан ва хӯрондан насиби мардони ҳақиқист. ​Албатта, Нигора ҳамсари Насим ва як духтари сарфакор боқӣ монд, вале онҳо дигар ба ҳадди зихнагиву худро азоб додан намерафтанд. Онҳо фаҳмиданд, ки сарфакорӣ хуб аст, вале на ба нархи саломативу оромии оила. ​Насим дигар рӯзҳои истироҳат ба тӯйҳои мардум барои муфтхӯрӣ намерафт. Ба ҷойи ин, ӯ вақти худро бо падару модар ва ҳамсараш мегузаронд. Бо гузашти вақт, онҳо бо меҳнати ҳалоли худ ва иқтисоди дуруст дубора соҳиби пасандоз шуданд, вале ин дафъа пулро на зери болин, балки барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, харидани либосҳои хуб ва хӯроки бомазза сарф мекарданд. ​Падари Насим, вақте медид ки писараш бо табассум ва даст кушод ба меҳмонон чой дароз мекунад, даст ба дуо бардошта мегуфт: — Худоё, ҳазор мартиба шукр, ки писарамро аз касалии кориишкамбагӣ шифо додӣ. Акнун дар хонаи мо баракат ва хандаи ҳақиқӣ ҳукмфармост. ​Ҳамин тавр, қиссаи Насими Кориишкамба бо як дарси талх, вале созандаи ҳаёт ба охир расид. Ӯ фаҳмид, ки бойигарии ҳақиқӣ на дар даруни ҳамёни чармини калон, балки дар меҳрубонии оила ва зиндагии боозору бобаракат будааст. Онхо сохиби як писару як духтар шуданд ва зиндагии орому хушбахтона доранд. Боки саломат.бошед. Муаллиф Шахлои Начмиддин
    5 комментариев
    11 классов
    Ба мо менависанд Саломалейкум апаи Шахло ва хонандахои группаи кошона.ман 15 сол шуд ки дар ин группа обунаям ва аз дарди дили хар яки шумо бохабарам. Имруз ман гами бузурге дорам модарамро аз даст додам у барои мо хам падар буду хам модар буд. Чун мо дар хурд соли падарамонро аз даст дода будем. Ду мох пеш ман ба ин группа мурочиат карда будам ки ба ман кумак кунанд то модарамро ба хонаи худо равон кунам аммо афсус орзухои модари ман зери хок рафтанд. У ду орзу дошт яке хонаи худоро зиерат кардан яке дидори фарзандашро дидан. Модари ман 16 сол зиед шуд чашмаш ба рохи фарзандаш интизор буд. У дар русия зиндонист. Аммо афсус орзухояш амали нашуданд. Ох очаи пурармонум ох очаи чашминтизорм. Дар хаки модари ман дуо кунен. Бо ехтиром хонандаи доими шумо.
    23 комментария
    16 классов
    Насими Кориишкамба Қисми 3 ​Муаллиф: Шаҳлои Наҷмиддин ​ Рузхо мегузашту нафси Насими Кориишкамба мисли хамиртуруш дамида, калонтар мешуд, вале ҳамёни чармиаш, ки аз пулҳои захирашуда ғафс гашта буд, ҳеҷ рӯи рӯшноиро намедид. Бачаҳои хобгоҳ аллакай аз дасти ин калламуши донишгоҳӣ ба дод омада буданд, вале Насимро парвое набуд. Барои ӯ муҳим он буд, ки ягон сомонӣ аз ҷайбаш берун наравад. ​Аммо ҳирси Насим танҳо бо хобгоҳ маҳдуд намешуд. Ӯ дар донишгоҳ низ роҳҳои нави касбу корро пайдо карда буд. ​Дар оғози нимсолаи нав ба донишҷӯён супориш доданд, ки реферат ва корҳои курсиро чоп кунанд. Насим нақшаи наверо кашид. ​Ӯ ба хонаи муаллими калонсол ва соддадил устод Салимзода рафт. Бо чеҳраи маҳзун ва чашмони пурнам гуфт: — Устоди азиз, ман аз оилаи камбизоатам, пули варақ харидан надорам. Агар иҷозат диҳед, дар компютери кафедра кори курсиамро нависам? ​Муаллими дилсӯз ба ӯ иҷозат дод. Вале Насим на танҳо кори худашро навишт, балки ним қуттӣ коғази А4-и кафедраро пинҳонӣ ба ҷузвдонаш андохт. Кор ба ин ҳам тамом нашуд. Ӯ бо донишҷӯёни курсҳои поёнӣ шартнома баст: — Бачаҳо, агар ба шумо коғази арзон лозим бошад, ман аз мағозаҳо бо нархи яклухт меёбам. ​Насим коғазҳои аз кафедра дуздидаашро ба донишҷӯёни дигар бо нархи бозор фурӯхта, соҳиби пули хуб шуд. Вақте ки устод Салимзода дид, ки коғазҳо зуд тамом шудаанд ва аз Насим пурсид, Насим гуфт: — Эҳ, устодҷон, сифати коғазҳои имрӯза хеле бад аст. Ман дидам, ки мушҳо омада, онҳоро хоида рафтанд. Барои ҳамин ман онҳоро партофтам, ки ба ҳуҷҷатҳои кафедра зарар нарасад. ​Устод ҳайрон монд, ки дар ошёнаи сеюми бинои бетонӣ мушҳо аз куҷо пайдо шудаанд. ​Рӯзе Насимро дандодард гирифт. Тамоми шаб аз дард нолид, вале ба духтур рафтанро худкушии молиявӣ медонист. Ба ҷои ин, ӯ ба қуттии ёрии аввалияи ҳамҳуҷрааш Алишер ҳамла кард. Тамоми ҳабҳои дардоварро фурӯ бурд, вале дард паст нашуд. ​Субҳ Насим ба дармонгоҳи донишгоҳ рафт, ки он ҷо барои донишҷӯён хизматрасонӣ ройгон буд. Духтур пас аз муоина гуфт: — Насимҷон, дандонат бояд канда шавад, вале барои ин доруи беҳисгарӣ (анестезия) лозим аст. Мо доруи оддии ройгон дорем, вале агар хоҳӣ, ки дардро умуман ҳис накунӣ, бояд аз дорухонаи берун як доруи хориҷии гаронбаҳо бихарӣ. ​Насим дарҳол пурсид: — Доруи ройгонатон чанд фоиз дардро мегирад? — Наздики 50 фоиз, ҷавоб дод духтур. — Ҳеҷ гап не, ҳамон ройгонашро кунед. Ман нисфи дардро бо қувваи иродаам таҳаммул мекунам. гуфт Насим ва рӯи курсӣ нишаст. ​Ҳангоми кандани дандон Насим чунон доду фиғон бардошт, ки тамоми беморони дармонгоҳ аз тарс гурехтанд. Вале ӯ дар дил хурсанд буд: Ана, 40 сомонии доруи беҳисгарӣ сарфа шуд. ​Пас аз кандани дандон, духтур ба ӯ як пахтаи сердоруро дода гуфт, ки онро ду соат дар даҳонаш нигоҳ дорад. Насим ба хобгоҳ баргашт. Вақте ки Фирӯз ба ҳуҷра омад, Насим пахтаи хунолуду сердоруро аз даҳонаш бароварда, рӯи миз гузошт. — Насим, ин чист? Чаро ин чиркро рӯи миз мемонӣ? бо нафрат гуфт Фирӯз. — Э бародар, ин пахтаи оддӣ нест, доруи гаронбаҳо дорад. Ман онро хушк мекунам. Агар ягон рӯз дандони шумо ҳам дард кунад, инро ба дандонатон зер кунед, дарҳол шифо меёбед. Чизро исроф кардан лозим нест ҷавоб дод Кориишкамба. ​Фирӯз аз шунидани ин гап қариб буд, ки қай кунад. ​Насим, ки ҷавони фарбеҳу бадҳайбат буд, боре ба яке аз духтарони зебои факултаи филология бо номи Мадина ошиқ шуд. Албатта, ишқи Насим ҳам аз рӯи ҳисобу китоб буд: Мадина духтари сарватманд ва ҳамеша бо мошини шахсӣ ба дарс меомад. Насим дар дил нақша кашид, ки агар бо ӯ издивоҷ кунад, тамоми умр ройгон зиндагӣ хоҳад кард. ​Рӯзе Насим ҷуръат карда, Мадинаро ба мулоқоти романтикӣ даъват кард. Мадина, ки аз хислатҳои Насим бехабар буд ва танҳо ӯро ҳамчун як донишҷӯи фаъоли иқтисодӣ медонист, розӣ шуд. ​Насим ӯро ба як қаҳвахонаи хушрӯй бурд. Ҳангоми фармоиш додан, Мадина як қаҳваи гаронбаҳо ва як торт фармоиш дод. Насим бошад, танҳо як пиёла оби гарм ва 5им косача шурбо фармоиш дод. — Насимҷон, чаро чизе намехӯрӣ? — пурсид Мадина бо меҳрубонӣ. — Оҳ, Мадинаҷон, ман дар ҳаёти ту танҳо бо ишқи ту сер ҳастам. Барои ман дидани ҳусни ту кифоя аст, дурӯғ гуфт Насим, вале дар асл чашмонаш ба торти рӯи мизи Мадина буданд. ​Вақте ки вақти пардохти ҳисоб омад, пешхизмат коғази ҳисобро овард. Насим дарҳол даст ба ҷайбаш бурд ва гӯё ҳамёнашро меҷӯяд, чеҳраашро дигар кард: — Оҳ, вой.Мадинаҷон, бовар мекунӣ? Ҳамёнамро дар хобгоҳ фаромӯш кардаам. Даруни он тамоми стипендия ва пулҳои фиристодаи падарам буд. ​Мадина табассум кард ва гуфт: — Ҳеҷ гап не, Насимҷон, ман худам медихам пулашро. ​Насим дар дил хурсандӣ мекард. Вале хурсандии ӯ дер давом накард. Мадина пеш аз рафтан ба Насим гуфт: — Насимҷон, агар ҳамёнатро гум карда бошӣ, биё бо мошини ман ба хобгоҳ равем, шояд он ҷо бошад. ​Дар мошин, Насим барои он ки худро ҷавонмарди саховатманд нишон диҳад, як дона конфетро аз ҷайбаш бароварда ба Мадина дароз кард: — Ин тӯҳфаи ман барои ту. Вақте Мадина конфетро гирифт, дид, ки он нимхоида аст ва дар коғазаш мӯи сари Насим часпидааст. Ӯ бо нафрат конфетро аз тиреза ба берун партофт ва Насимро аз мошин фароварда гуфт: — Дигар ба ман наздик нашав, Кориишкамбаи зихна. ​Бачаҳои ҳамҳуҷра Алишер, Фирӯз ва Сиёвуш дигар тоқати рафторҳои Насимро надоштанд. Онҳо қарор доданд, ки ба ӯ як дарси фаромӯшнашаванда диҳанд. ​Онҳо медонистанд, ки Насим шабҳо пинҳонӣ аз ҷояш хеста, чизҳои зери кӯрпа пинҳонкардаашро мехӯрад. Сиёвуш аз деҳаашон як собуни махсуси гиёҳӣ оварда буд, ки бӯи тарбузи ширинро медод ва намуди зоҳириаш маҳз мисли мармеладҳои гаронбаҳо буд. ​Бегоҳ бачаҳо собуни бӯи тарбуздоштаро дар даруни як қуттии зебои шоколади хориҷӣ гузошта, рӯи миз монданд ва худашон вонамуд карданд, ки хоб рафтаанд. ​Соат аз дуи шаб гузашт. Насим мисли калламуши гурусна оҳиста аз ҷой хест. Бӯи ширини тарбуз майнаи ӯро хароб карда буд. Ӯ дар торикӣ ба сари миз омад, қуттиро кушод ва собуни тарбузиро гирифта, бо иштиҳо як луқмаи калон газид ва хоид. ​Дар як сония даҳону гулӯи Насим пур аз кафки собун шуд. Ӯ ба сурфа кардан сар кард, кафкҳои сафед аз даҳону бинияш мисли мошинаи ҷомашӯӣ ҷорӣ мешуданд. Насим аз тарс дод зад: — Вой, мурдам.Заҳролуд шудам!.Бачаҳо, зуд ёрии таъҷилиро ҷеғ занед! ​Алишер телефонро рӯшан кард ва бачаҳо ҳама баланд-баланд хандиданд. — Чӣ шуд, Кориишкамба? Аз мармелади муфт мазза кардӣ? Ин собуни гиёҳӣ буд, ки барои тоза кардани меъдаи ҳариси ту бисёр фоида дорад,гуфт Фирӯз. ​Насим тамоми шаб дар ҳаммом буд ва аз даҳонаш ҳубобҳои собун мебаровард. ​Вале оё ин дарси ибрат барои Насим шуд? Албатта на. Рӯзи дигар, вақте ки бачаҳо ба дарс рафтанд, Насим собуни нимхоидаро аз партовгоҳ гирифта, хуб шуст ва дар ҷайбаш пинҳон кард: — Ҳайфи собуни хушбӯй, бо ин боз як соли дигар даст шустан мумкин аст, зери лаб ғур-ғур кард ӯ. ​Нафси Насим мисли чоҳи бетаг буд ва касе намедонист, ки ин Кориишкамба дар оянда бо ин хислаташ ба куҷо хоҳад расид. ​(идома дорад) Муаллиф Шахлои Начмиддин
    2 комментария
    14 классов
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё