Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Қисми 1. Субҳона дар зиндон
Чашмони кабуди моил ба сабзи равшанро Стефания боз карда, худро дар кулбаи сангӣ, тангу тор, сарпушида ва бе панҷара ёфт. Меъмор ҳангоми тарроҳии нақшаи кулба шомил кардани дар ба нақшаро фаромӯш кардааст. Гӯйӣ манзили зист не, балки барои мурда мақбара сохта бошанд.
Кулбае, ки Стефания дар он қарор дорад, дар надорад. Сурохии кучак дар қисми поёни девори кулба, ки ба долони борику торик роҳ мекушояд, дарича ба долон аст. Бозувони паҳни марди ниқобпуш ва зиреҳдор дар пеши сурохии росткунҷаи барқад дар таҳи долон садди роҳи вуруди бемонеаи рушноии офтоб ба долон мешаванд. Туфанги оҳанин ва вазнин рӯйи бозуи рости ӯ овезон аст.
Аз сурохӣ дар кулба хазида бояд гузашт, чунки тӯлаш ҳудудан 75 сантиметр ва арзаш на бештар аз 35 сантиметр ҳаст ва роҳи убур аз онро бо дорбасти оҳанин ва дар идомаи он бо қуфли оҳанин бастаанд. Рӯшноии офтоб аз сурохии монанд ба сурохии сӯзан дар гӯшаи болоии кулба бо машаққат мегузарад, вале торикии бемӯҳтаворо батамом пароканда карда наметавонад. Бо ин ҳол равшанӣ бар торикӣ пирӯз аст.
Шонаҳои беҳаракати марди зиреҳпӯшро нурҳои офтоб аз чапу рост ва аз болову аз поин оғӯшта, ба долон мегузаранд ва фармонравоии торикӣ дар дохили кулбаро ба чолиш мекашанд. Шуои офтоб домани торикиро, гарчанде зулмат даъвои султонӣ дар ин ҷо дорад, ҷо - ҷо рахна карда, арсаи тохтутоз барои дидагони бинандаро васеъ намудаанд.
Стефания оҳиста аз ҷо бархоста, ба кафи дасти рости худ такя дода, дар ҷо нишаст. Карахт ва беҳаракат аст. Ӯ чӣ гуна дар ин вазъият қарор гирифтани худро намедонад. Кӣ Стефанияро ба ин ҷо овардааст? Гарчанде худро дар асорат мебинад, хунсардона ором ва даргири афкори парешони худ аст. Чаро Стефания, бо вуҷуди надонистани моҷарои ба асорат афтодани худ, ба таҳлука намеафтад? Ӯ ҳиҷ чизро ҳис намекунад ва мегӯйӣ бо ин вазъият розӣ бошад.
Баъд аз чанд дақиқа Стефания бо нигоҳи бетафовут ва сард саросема нашуда, гарданашро, ки комилан ҳисс намекард, илоҷ ёфта, ба ҳаракат кардан во дошт ва ба муоинаи кулба пардохт. Стефания марди шонапаҳни ниқобпӯши зиреҳдорро, ки пушт ба тарафи бону дар таҳи долон рост истодааст, надид, чунки барои дидани мард бояд сари худро хам карда, аз сӯрохӣ ба берун нигарад. Стефания ноҳинҷор аст, вале ноҳинҷории худро низ то охир намефаҳмад. “Куҷо шудаанд эҳсосоти ман? Чаро на сарморо ҳис мекунам ва на тарсро?” - аз дил гузаронд Стефания.
Дасти чапро боло бардошта ба муоинаи ангуштони зарифи худ пардохт. Хун дар дасти рости Стефания, ки зери фишори ҷисми ӯ мондааст, намедавад, вале бону карахт шудани дастеро, ки ба он такя кардааст, эҳсос намекунад. Дар мушоҳидаи ангораи нозуки ангуштони даст Стефания ҳамеша зарофати кори худоро дида, ба ҳисси зебоишиносии Офаридгор бо худ меболад. Худоро ӯ аз кӯдакӣ дӯст доштааст ва халлоқияти офаридгорро бо ҳаяҷони кӯдакона мепарастад, чунки модари Стефания, равоншиноси ҳирфаӣ - мӯъмин ба Худо ва пайрави дини насроният аст. Модар аз роҳи нақл кардани ривоятҳои динии марбут ба раҳмати бепоёни Худо донаи имон ба Худоро дар дили духтари худ коштааст.
Акнун Стефания ба ангуштони худ барои баргардонидани қобилиятҳои эҳсосӣ тамаркуз мекунад. Бо диққат нигоҳ кард, вале муоинаи зарофати ангуштон ин бор ҳич ҳиссро дар вай эҷод нанамуд. Медонад, ки зариф ва зебоянд, вале зебоӣ низ аз чӣ бошад, дар назари Стефания мӯҳтаво ва маъно гум кардааст ва дигар бонуи босалиқа ва хубруро ба ваҷд намеоварад.
Дар рӯйи фарш лаълии нуқрагин бо ғизоро гузоштаанд. Стефания, мисли ин ки пову дасти худро эҳсос намекарда бошад, бо эҳтиёт ва бо такя ба кафи дастон андоми худро бидуни аз ҷо баланд шудан ба тарфи лаълӣ кашонд. Дар рӯйи лаълӣ субҳонаеро, ки модар ҳамеша барои Стефания, вақте бону ба аёдати модар меравад, таҳия мекунад, дида, абрувони худро дарҳам кашида, ба фикр фурӯ рафт. Ӯ дар зеҳни худ ба дунболи посухи ноҳамоҳангиҳои пеши рӯ мегардад. Нақши дастони модар дар зиндон?
Дар рӯйи лаълӣ ду дона тухми мурғи нимбирёншуда дар равғани зайтун, сабзавоти майда бурришдодашуда, дар зарфҳои хурдакак асал, қаймоқ, мураббо ва рӯйи лаълича чанд луқма нони сиёҳи кунҷитдорро гузоштаанд. Ҳавли гармои чойи лимӯ аз дохили чойники хурдакаки сафолин, ки фақат барои ду пиёла чой ғунҷоиш дорад ва аз дур ба чойникҳои бозичагӣ мемонад, ба берун мезанад. Ғизои рӯйи лаълӣ тару тоза ва хушранг ба назар мерасад. Маълум аст, ки субҳонаро бо муҳаббат ва ба андоза омода кардаанд. Чашми бинанда аз дидани як адад норанги (мандарин) - и хушранги пустканднашуда ва як дона гули садбарги калонбарги сурхранги аз ғунча комил вонашуда дар рӯйи лаълӣ об мехӯрад. Чашми Стефания об нахӯрд ва дар вай иштиҳои ғизо хӯрдан эҷод нашуд. Модарам норангиро ҳамеша пуст канда, рӯйи лаълӣ мегузошт – бо кунҷковии сабук дубора бо худ андешид Стефания.
Стефания норангиро оҳиста, бидуни ин ки чӣ кор кардани худро фаҳмад, аз лаълӣ бардошта, ба машом наздик намуд. Бӯйи норангиро, гарчанде норангӣ хушранг ва сероб ба чашм мерасад, бӯйида натавонист. Норангиро рӯйи лаълӣ гузошта, ин бор гули садбаргро бо эҳтиёт аз рӯйи лаълӣ гирифта, ба машоми худ наздик кард. Гули хушранг низ бӯ надорад. Шояд дорад, вале Стефания бӯйи гули садбаргро низ озмуда натавонист. Барои итминон ҳосил намудан, Стефания таҳи пояи гулро миёни нохунҳои ангушти шаст ва ангушти ишора сахт фишор дод. Моеъи ширамонанд аз пояи гул берун омад. “Гули садбарг маснӯъӣ нест” – дубора бо оромиши аҷиб аз дил гузаронд Стефания.
Чашми Стефания, вақте гулро дар даст нигоҳ дошта, баргҳо ва пояи онро муоина мекард, ба доғҳои сиёҳу кабуд дар дастони худаш афтод. Дардро Стефания, бо вуҷуди ин ки тамоми бадани ӯ сиёҳу кабуд аст, ҳисс намекунад. Бо тааҷҷуб дасту пои худро дар партави рӯшноии заиф, ки дар кулба афтодааст, муоина намуд. Доғҳои сиёҳ дар бадани худро саросема мисли кӯдаке, ки тугмаҳои бозичаи ҷадидашро беҳадаф ва пай дар пай зер мекунад, яке паси дигарӣ бо ангушти шаст фишор дод, вале дардро Стефания, ки барои баргардонидани эҳсосот омодаи худозорӣ шудааст, ин бор ҳам эҳсос накард. Бо худ андешид, ки "чаро тааҷҷуби ман холӣ аз ҳаяҷон аст?". Стефания ба суолҳои худ посух намеёбад, вале ёфтани посух ба суолҳо низ муроди дили ӯ нест. Барои Стефания донистан ё надонистан низ бемӯҳтаво шудааст.
Чанд рӯз бо ин аҳвол гузашт. Стефания аз хоб бедор мешуд. Лаълии ғизои ӯро аллакай иваз карда буданд. Тибқи одат Стефания аз хоб бедор шуда, барои пешгирӣ аз афгоршавии ҷисм ба сурати худкор ҷисмеро, ки ба назараш мисли ҷомаи сабук ва бевазн шудааст, тамрин доданӣ мешуд ва ғизои бемаззаро базӯр тановул мекард. Майли рафтан ба ҳоҷатхона, бо вуҷуди ин ки Стефания ҳар рӯз ғизо мехӯрад, дар вай эҷод намешавад. Гӯйӣ касе ӯро вақти ғарқи хоб будан барои адои ҳоҷат мебарад. Қобилияти фикр кардан дар Стефания заиф шудааст ва қобилияти эҳсос карданро тақрибан гум кардааст.
Рӯзи севвум ногаҳон ба сари Стефания зад, ки метавон аз сӯрохӣ ба он тарафи кулба нигарист. Сарфи назар аз нобудии майл ва кунҷковӣ дар ӯ рухсораи рости худро боэҳтиёт рӯйи фарши сангӣ ва сарди кулба наздик ба сӯрохӣ гузошта, ба таҳи долон нигоҳ кард. Торикиҳои паҳншуда дар долонро нигоҳи тези ду чашми зебои хушранг, вале холӣ аз эҳсос, ки дар якҷоягӣ бо абрувони возеҳи пурмӯйи хокистарранги тираи ба зоҳир шонашуда мураттаб ҷазбаи нотакрор мешаванд, рахна намуд. Нимпайкар - нимсояи бозувони марди зиреҳпӯшро Стефания билохира дар таҳи долон дид. Ин мард ҳиҷ вақт мавқеияти худро иваз намекунад, аз ҷо таккон намехӯрад ва нопадид намешавад.
Мардро дидан замон Стефания тааҷҷуб накард. Ба таҳи долон ва ба бозувони беҳаракати мард хунсардона менигарад. Мӯйҳои дарозу бури Стефания, ки дар ҳолати нишаста маъмулан бо вазни худ то бозувони ӯ рост ва дар идомаи бозувон ҷавлон хӯрда рӯйи андоми бону меафтанд, ин бор монанд ба резиши хок аз баданаи кӯҳ яке паси дигарӣ дар рӯву гардани Стефания афтода, ниқоби хокиранги барроқ барои сурати сафеди ӯ, ки мисли моҳ дар домани торикӣ ҷилва кардааст, шуданд. Аз сӯрохии нимрӯшани кулба ду чашми бетафовут ба таҳи долон менигаранд. Нигоҳи Стефания ҳам холӣ аз мӯҳтавост. Ба будан ё набудани мард ҳиҷ ҳисс надорад. Фақат аз рӯйи одат ҳар рӯз як бор аз сӯрохӣ ба берун нигоҳ мекунад, то мутмаин шавад, ки нигаҳбони безабони зиндон ҳанӯз дами вурудии долон истодааст. Фақат аз рӯйи одат. Одатҳо боиси гузарони вақт ва боиси қобили таҳаммул шудани рӯзмарраи бемӯҳтаво мешаванд.
Стефания намебинад, ки субҳонаро чӣ касе барояш таҳия мекунад ва меорад. Ҳатто агар шаб нахобад, лаълии субҳона ногаҳон таҷдид мешавад ва Стефания шарҳ дода наметавонад, ки лаълиро кӣ ва чӣ гуна барои ӯ иваз кардааст. Лаълӣ ҳамон лаълии калони хушангораи нуқрагин, вале ғизо рӯйи лаълӣ дастнахӯрда ва чой дубора доғ аст.
Стефания баъд аз панҷ рӯз, ҳанӯз ӯ шумори рӯзҳоро гум накарда, барои худ одати нав ихтироъ намуд. Тасмим гирифт, ки сипаришавии рӯзҳоро бишморад. Бонуи 27 - солаи олмонӣ, ки ҷавонии худро дар сафар ва таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ гузарондааст, дар кулбаи сарду тангу ғариб, бозу ба бозуи марде, ки зери зиреҳ либоси суннатии афғонӣ дар тан дорад, , бе ҳадаф одатсозӣ мекунад. Ҳадафи ӯ - ҳар рӯз аз хоб бедор шуда, дар девори сангии кулба шумораи рӯзҳои сипаришударо бо санги нӯгтез, ки аз кадом як гӯшаи девор пайдо намуд, ҳаккокӣ кардан аст. Бо шумориши рӯзҳо Стефания пайгири ҳадафи хос нест. Ӯ ба шуморидани рӯзҳо ба умеди раҳо шудан аз асорат напардохтааст, балки барои гузаронидани рӯзҳои беҳадаф ба машғулият зарурат дорад.
Барои Стефания дар кулба ё берун аз кулба қарор доштан зиёд фарқ надорад. Озод ҳам мебуд, дар ин вазъияти эҳсосие, ки ӯ дорад, бо озодӣ чӣ кор карданро намедонист. Ӯ маззаи зиндагӣ ва ҳадафи мавҷуд буданро аз даст додааст. Магар озодӣ, вақте инсон қобилияти ҳисс кардан ва ҳаяҷони офариданро аз даст медиҳад, ҳанӯз ҳам маъно дорад? Стефания, ки дигар чизеро ба касе собит кардан намехоҳад, миёни сафеду сиёҳ фарқ намегузорад ва сарду гармро ҳисс намекунад, на исрор ба будан дорад ва на исрор ба рафтан.
Давом дорад...
Муаллиф: Манижа Саидисломзода

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4