Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сифати таълими алифбои ниёгон дар кишварамон «дар доираи омузиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳангӣ ориёӣ» хеле саривақтӣ ва боиси дастгирист. Бояд қайд кард, ки мавҷудияти хатти ниёгон бахше аз мероси таърихӣ ва фархангии миллати тоҷик мебошад, ки дар таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ нақши хоссаи фарҳангӣ дорад.
Таваҷҷуҳ кардан ба хатти ниёгон ин тақвияти ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани қобилияти эҳёи хат ва ҷаҳонбинии илмиро васеъ менамояд. Аҳамияти ин чорабинии фарҳангию сиёсӣ бошад барои мардуми мо хусусияти тарихию ҳувиятсозӣ дошта ба рушди маънавии ҷомеаи мо таъсири мусбат мерасонад.
Маълум аст, ки хат мисли инсонҳо таърихи хеле қадима дорад, ва танҳо бо пайдо шудани хатти фонетикӣ ё санъати тасвир ба воситаи ҳарф ва худи овози калимаҳо паҳн гардидааст. Ҳар он чи бо хатти форсӣ-тоҷикӣ ё санъати тасвири чизҳо ба воситаи аломатҳо дахл дорад, онҳо монанди худи тамаддуни ориёиҳои бузург хеле қадимианд. Аҷибаш ин ки дар аҳди қадим соҳиби хат танҳо шахсони рӯҳонӣ ба ҳисоб мерафтанд. Зеро онҳо ба хат ҳамчун муқаддасоти осмонӣ, ҳамчун фаъолияти динӣ муносибат доштанд Масалан, дар нимкураи ҷанубӣ коҳинони сиёҳпӯст дар пӯсти ҳайвонҳо ва ё сангҳои паҳнбар аломатҳои пурасрори худро менавиштанд ва дар вақти иҷрои амал онҳо рӯяшонро ба ҷониби ҷануб мегардониданд. Дар ин ҳол дасти онҳо ба тарафи Шарқ – сарчашмаи рӯшноӣ мегашт, аз ин рӯ, андешае вуҷуд дорад, ки барои ҳамин онҳо аз рост ба чап менавиштанд.
Андешаи дигаре ҳам мавҷуд аст, ки рӯҳониёни сафедпӯст ё ин ки шимолиён хатнависиро аз сиёҳпӯстон ёд гирифта, дар оғоз мисли онҳо менавиштанд. Аммо замоне, ки дар онҳо дарки ниёгони худ, ҳисси миллӣ ва ифтихормандӣ ташаккул ёфтан гирифт, онҳо аломатҳои махсуси худро эҷод карданд ва ба ҷое, ки ба самти ҷануб ба мамлакатҳои сиёҳпӯстон назар афкананд, ба тарафи шимол ба кишварҳои ниёгонашон нигох карданд, ки дастонашон дар вақти навиштан ба тарафи Шарқ нигаронида шуда буд.
Аз ин ҷо, самти ҳарфҳои онҳо аз чап ба рост ооз ёфт. Ана ҳамин аст саршавии хатҳои зандӣ, санскрит, юнонӣ, хати лотинӣ ва ҳама хатсозиҳои ориёҳо. « Онҳо бештар ба офтоб ба сарчашмаи ҳаёти заминӣ таваҷҷуҳ намуда, ба самти Шимол ба кишвари ниёгонашон ба сарчашмаи пурасрори поку осмонӣ нигоҳ менамуданд. Сомиҳо ва ориёиҳо ин ду гурӯҳ барои мардумони мо идеяҳо, дин, санъат, илм ва фалсафаро оварданд. Ҳар яке аз ин ҷараёнҳо дар худ мафҳумҳои муқобилмаъноро дар бораи ҳаёт доранд, ки аз чӣ гуна дар амал татбиқ намудани онҳо ҳақиқат зоҳир мегардад». ( Э. Шюре ).
Имрӯз бештари мардумон фикр мекунанд, ки мо хатти ниёгони худро аз арабҳо мерос гирифта бошем, вале ин тавр нест, гузаштагони мо дар шаклгирии ин хат саҳми босазое гузоштаанд. Гузашта аз ин, аз асри сеюми ҳиҷрӣ оҳиста-оҳиста хатҳои авестоӣ, суғдӣ, бохтарӣ, монавӣ ва паҳлавӣ ҷойи худро ба алифбои форсӣ иваз намуданд.
Ба замми ин, хатти қадимаи ниёгонамон бо навиштаҳои мехии ҳахоманишӣ, паҳлавӣ, авастоӣ ва сипас порсии қадим, порсии миёна мисли занҷири пайдарпайиҳо роҳи пурпечутобе тай намудааст, ки имрӯз онҳоро порсӣ-дарӣ ва тоҷикӣ мехонанд, ки дар гуфтор яке ва дар навиштан дигаргуна арзёбӣ мегарданд. Ин ҳама наздикиҳо албатта назди таърих шоҳиданд, аммо маълум аст, ки пушидатарин розҳои ширини инсонӣ бо ҳамин хатту бо ҳамин забони тоҷикӣ-форсии мо васф шудаанд
Ҳамин тариқ, масъалаи фаҳмиши хат ва мақоми он дар рушди тамаддуни ориёӣ ба мо хеле пурасор боқи мондааст. Имрӯз ҳам ҷустуҷӯи маъниҳо дар раванди гузариш ба хатти ниёгон (хатти форсӣ-тоҷикӣ) хеле баҳсбарангез аст. и. Яъне , ба асли хатти аҷдодӣ баргаштан тақозои вақт ва замон мегардад. Аммо ин масъала барои мардуми мо мушкилоти гуногуни фарҳангию динӣ ва сиёсию иқтисодиро ба миён оварда метавонад.
Масалан, барои гузариш ба хатти ниёгон танҳо дар давоми 10 соли охир хароҷоти чунин барномаи амал тақрибан аз 840 миллион то 1 миллиарду 310 миллион сомониро ташкил мекунад. Агар инро мо ба 10 сол тақсим кунем , солонааш
тақрибан аз 84 то 131 миллион сомонӣ лозим мешавад. Агар гузариш тадриҷӣ ва ҳамзистии ду хат (кирилӣ ва ниёгон) бошад. хароҷот шояд камтар шавад.
Умуман, гузариши яку якбора ба хатти ниёгон барои мо амалӣ ғайри мантиқӣ ба шумор меравад. Зеро мо лаззати хативазкуниҳоро чашидаем ба мисли аз форсӣ ба кирилӣ аз кирилӣ ба лотинӣ ва баъд ба тоҷикии замони Советӣ. Аз ин рӯ, барои зина ба зина ба хатти ниёгон гузаштан чунин пешниҳодҳоро аз мадди назар бояд дур насозем:
- ҷалби сармоягузорон ва грантҳои байналмилалӣ барои ҳифз ва рақамикунонии мероси хаттии ниёгон;
- таъсиси фонди махсуси давлатии дастгирӣ;
- таъсиси курсҳои тарҷумонӣ барои омода намудани устодон;
- ҳамкори бо кишварҳои ҳамзабон- барои табодули таҷриба дар омӯзиш ва ҳифзи меросӣ хаттӣ;
- дар ду сол як маротиба гузаронидани Озмӯни ҷумҳуриявии «Хатти ниёгон, хушнависӣ ва хатшиносӣ»;
- дастгирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба таърихи хатти ниёгон дар рушди худшиносии миллӣ;
- аз соли 2026 то 2030 ҳар сол пешбинӣ намудани конференсияиҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мавзуи « Ҳочӣ Ҳусайни Кангуртӣ- хаттоти нотакрор ва рушди хатти ниёгон».
Ивази хат, дар айни замон, барои мардуми мо ин мушкилоти гуногуни геополитикиро низ дорад, ки ба он мо бояд муносибати оқилона дошта бошем. Месазад, ки дар давраи аввал мо бояд заминаи асосии таълиму тарбиявии хатти ниёгонро фароҳам оварем.
Беҳуда нест, ки баланд бардоштани сифати таълими алифбои ниёгон имрӯз дар Тоҷикистони азиз вусъати тоза меёбад. Зеро хат ин хотираи бузурги таърихӣ ва яке аз омилҳои асосии ҳувияти миллӣ мебошад, ки дар таҳкими давлатдории миллӣ мақому мартабаи хосса дорад.
Мавриди тазаккур аст, ки эҳёи хатти форсӣ-тоҷикӣ ин шуҷоату бузургии таърихии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар қатори эҳё намудани тамаддуни ориёӣ, барои миллати мо, эҳёи муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд. Чунин дастовардҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ҳастии миллати кӯҳанбунёд ва нангу номуси давлати миллӣ ба шумор меравад.
Эҳёи хатти ниёгон, эҳёи тафаккури миллати тоҷик ва рамзи шикастнопазири иродаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик мебошанд. Хати ниёгон барои мо ойинаи таъриху тамаддун аст, ки мо худро дар он ҳамеша мебинем. Агар хоҳем, ки онро аз нав барқарору эҳё намоем, бояд ҳамеша муттаҳид бошем ва хатти ниёгонро поку бегазанд ва муқаддас нигоҳ дорем.
Муҳаммад Абдураҳмон - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев